Ман, агар назар ҳаром аст, басе гуноҳ дорам

Ман, агар назар ҳаром аст, басе гуноҳ дорам,
Чӣ кунам? Наметавонам, ки назар нигоҳ дорам.

Ситам аз касест бар ман, ки зарурат аст бурдан,
На қарори захм хурдан, на маҷоли оҳ дорам.

На фароғати нишастан, на шикеби рахт бастан,
На мақоми истодан, на гурезгоҳ дорам.

На агар ҳаменишинам, назаре кунад ба раҳмат,
На агар ҳамегурезам, дигаре паноҳ дорам.

Басам аз қабулу омию салоҳи некномӣ,
Чу ба тарки сар бигуфтам, чӣ ғам аз кулоҳ дорам?

Тани ман фидои ҷонат, сари банда в-остонат,
Чӣ маро беҳ аз гадоӣ, чу ту подшоҳ дорам?

Чу туро бад-ин шигарфӣ қадами салоҳ бошад,
На мурувват аст, агар ман назари табоҳ дорам.

Чӣ шаб аст, ё Раб, имшаб, ки ситорае баромад,
Ки дигар на ишқи хуршеду на меҳри моҳ дорам.

Макунед, дардмандон, гила аз шаби ҷудоӣ,
Ки ман ин сабоҳи равшан зи шаби сиёҳ дорам,

Ки на рӯи хуб дидан гунаҳ аст пеши Саъдӣ,
Ту гумони нек бурдӣ, ки ман ин гуноҳ дорам.