Гар ман зи муҳаббатат бимирам

Гар ман зи муҳаббатат бимирам,
Доман ба қиёматат бигирам.

Аз дунйию охират гузир аст,
В-аз суҳбати дӯст ногузирам.

Эй марҳами реши дардмандон,
Дармони дигар намепазирам.

Он кас, ки ба ҷуз ту кас надорад,
Дар ҳар ду ҷаҳон ман он фақирам.

Эй муҳтасиб, аз ҷавон чӣ хоҳӣ?
Ман тавба намекунам, ки пирам.

Як рӯз камони абрувонаш
Мебӯсаму гӯ, бизан ба тирам.

Эй боди баҳори анбаринбӯй,
Дар пои латофати ту мирам.

Чун мегузарӣ ба хоки Шероз,
Гӯ, ман ба фалон замин асирам.

Дар хоб намеравам, ки бе дӯст
Паҳлӯ на хуш аст бар ҳарирам.

Эй мӯниси рӯзгори Саъдӣ,
Рафтию нарафтӣ аз замирам.