Назар аз муддаъиён бар ту намеандозам

Назар аз муддаъиён бар ту намеандозам,
То нагӯянд, ки ман бо ту назар мебозам.

Орзу мекунадам дар ҳама олам сайде,
Ки набошанд рафиқони ҳасуд анбозам.

Дарди пинҳони фироқам зи таҳаммул бигузашт,
В-арна, аз дил нарасидӣ ба забон овозам.

Чун кабӯтар бигирифтим ба доми сари зулф,
Дида бардӯхтӣ аз халқи ҷаҳон чун бозам.

Ба сарангушт бихоҳӣ дили мискинон бурд,
Даст вопӯш, ки ман панҷа намеандозам.

Мутриб, оҳанг бигардон, ки дигар ҳеч намонд,
Ки аз ин парда, ки гуфтӣ, бадар афтад розам.

Кас нанолид дар ин аҳд чу ман дар ғами дӯст,
Ки ба офоқ назар меравад аз Шерозам.

Чанд гуфтанд, ки Саъдӣ, нафасе бо худ ой,
Гуфтам аз дӯст нашояд, ки ба худ пардозам.