Маликзодаеро, шунидам, ки кӯтоҳ буду ҳақир ва дигар бародаронаш баланду хубрӯй. Боре падар ба кароҳату истиҳқор дар ӯ назар мекард. Писар ба фаросат истибсор ба ҷой оварду гуфт:
- Эй падар, кӯтоҳи хирадманд беҳ, ки нодони баланд. На ҳар чи ба қомат меҳтар, ба қимат беҳтар:
Аш-шоту назифатун ва-л-филу ҷифатун (тарҷумааш: гӯсфанд покиза асту фил мурдор).
Аққалу ҷиболи-л-арзи Турун иннаҳу
Ла аъзаму инда-л-лоҳи қадран ва манзилан.
Тарҷумаи байт:
Кӯчактарин кӯҳи замин Тур аст, дар ҳоле ки назди Худой бузургтарин появу қадрро дорад.
Он шунидӣ, ки лоғаре доно
Гуфт боре ба аблаҳе фарбеҳ:
Аспи тозӣ в-агар заиф бувад,
Ҳамчунон аз тавилае хар беҳ.
Падар бихандид ва аркони давлат биписандиданд ва бародарон ба ҷон биранҷиданд.
То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Ҳар беша гумон мабар ниҳоле,
Бошад, ки паланг хуфта бошад.
Шунидам, ки маликро дар он қурб душмане саъб рӯй ниҳод. Чун лашкар аз ҳар ду тараф рӯй дар ҳам оварданд, аввал касе, ки ба майдон даромад, ин писар буд ва гуфт:
Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, гар дар миёни хоку хун бинӣ саре.
К-он кӣ ҷанг орад, ба хуни хеш бозӣ мекунад,
Рӯзи майдон в-он ки бигрезад ба хуни лашкаре.
Ин бигуфт ва бар сипоҳи душман зад. Тане чанд аз мардони корӣ бияндохт. Чун пеши падар омад, замини хидмат бибӯсиду гуфт:
Эй ки шахси манат ҳақир намуд,
То дуруштӣ, ҳунар напиндорӣ.
Аспи лоғармиён ба кор ояд
Рӯзи майдон, на гови парворӣ.
Овардаанд, ки сипоҳи душман бисёр буд ва инон андак. Ҷамоате оҳанги гурез карданд. Писар наъра заду гуфт:
- Эй мардон, бикӯшед, то ҷомаи занон напӯшед!
Саворонро ба гуфтани ӯ таҳаввур зиёд гашт ва ба як бор ҳамла бурданд. Шунидам, ки ҳам дар он рӯз бар душман зафар ёфтанд.
Малик сару чашмаш бибӯсиду дар канор гирифт ва ҳар рӯз назараш беш кард, то валиаҳди хеш кард. Бародарон ҳасад бурданд ва заҳр дар таомаш карданд. Хоҳараш аз ғурфа бидид, дарича бар ҳам зад. Писар дарёфт ва даст аз таом бозкашиду гуфт: «Муҳол аст, агар ҳунарманд бимирад, ки беҳунаре ҷои ӯ бигирад».
Кас наёяд ба зери сояи бум
В-ар ҳумой аз ҷаҳон шавад маъдум.
Падарро аз ин ҳол огаҳӣ доданд, бародаронашро бихониду гӯшмоле ба воҷиб бидод, пас ҳар якро аз атрофи билод ҳиссаи марзе муайян кард, то фитна бинишаст ва низоъ бархост, ки даҳ дарвеш дар гилеме бихусбанд ва ду подшоҳ дар иқлиме нагунҷанд.
Ними ноне гар хурад марди Худой,
Базли дарвешон кунад ними дигар.
Мулки иқлиме бигирад подшоҳ
Ҳамчунон дар банди иқлиме дигар.
Саъдии Шерозӣ. ГУЛИСТОН. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2008, 232 саҳ.