Ваҳ, ки дар ишқ чунон месӯзам

Ваҳ, ки дар ишқ чунон месӯзам,
Ки ба як шуъла ҷаҳон месӯзам.

Шамъваш пеши рухи шоҳиди ёр
Дам ба дам шуълазанон месӯзам.

Сӯхтам, гарчи намеёрам гуфт,
Ки ман аз ишқи фалон месӯзам.

Раҳмате кун, ки ба сар мегардам,
Шафқате бар, ки ба ҷон месӯзам.

Бо ту ёрон ҳама дар нозу наъим,
Ман гунаҳкорам, аз он месӯзам.

Саъдиё, нола макун, гар накунам,
Кас надонад, ки ниҳон месӯзам.