Ҳофизи Шерозӣ

302. Хушхабар бош, эй насими шамол

Хушхабар бош, эй насими шамол,
Ки ба мо мерасад замони висол!

Қиссат-ул-ишқи ла-инфисома лаҳо,
Фусимат ҳо ҳуно лисон-ул-қол.

Мо ли Салмо ва ман би зӣ Салмин,
Айна ҷиронуно ва кайфа-л-ҳол?

Афати-д-дору баъда офиятин,
Фассъалу ҳолаҳо ани-л-атлол.

Фӣ ҷамол-ил-камоли нилта мунан,
Сараф-Аллоҳу анка айна камол.

Ё барид-ул-ҳамӣ, ҳамокаллоҳ
Марҳабан, марҳабан! Таола таол!

Арсаи базмгоҳ холӣ монд,
Аз ҳарифону ҷоми моломол.

Соя афканд ҳолиё шаби ҳаҷр,
То чӣ бозанд шабравони хаёл.

Турки мо сӯйи кас наменигарад,
Оҳ аз ин кибриёву ҷоҳу ҷалол!

Ҳофизо, ишқу собирӣ то чанд?
Нолаи ошиқон хуш аст, бинол!