Ҳофизи Шерозӣ

304. Дорои ҷаҳон, нусрати дин, хусрави комил

Дорои ҷаҳон, нусрати дин, хусрави комил,
Яҳё бинни Музаффар малики олиму одил.

Эй, даргаҳи исломпаноҳи ту кушода,
Бар рӯйи замин равзанаи ҷону дари дил.

Таъзими ту бар ҷону хирад воҷибу лозим,
Инъоми ту бар кавну макон фоизу шомил.

Рӯзи азал аз килки ту як қатра сиёҳӣ
Бар рӯйи маҳ афтод, ки шуд ҳалли масоил.

Хуршед чу он холи сияҳ дид, ба дил гуфт:
Эй коҷ, ки ман будамӣ он ҳиндуи муқбил.

Шоҳо, фалак аз базми ту дар рақсу самоъ аст,
Дасти тараб аз домани ин замзама магсил.

Май нӯшу ҷаҳон бахш, ки аз зулфи камандат
Шуд гардани бадхоҳ гирифтори салосил.

Даври фалакӣ яксара бар минҳаҷи адл аст,
Хуш бош, ки золим набарад роҳ ба манзил.

Ҳофиз, қалами шоҳи ҷаҳон мақсади ризқ аст,
Аз баҳри маишат макун андешаи ботил.