Ҳофизи Шерозӣ

307. Ҳар нуктае, ки гуфтам дар васфи он шамоил

Ҳар нуктае, ки гуфтам дар васфи он шамоил,
Ҳар к-ӯ шунид, гуфто: «Лиллоҳи дурри қоил».

Таҳсили ишқу риндӣ осон намуд аввал,
Охир бисӯхт ҷонам, дар касби ин фазоил.

Ҳаллоҷ бар сари дор ин нуқта хуш сарояд:
«Аз шофеӣ мапурсед амсоли ин масоил».

Гуфтам, ки кай бибахшӣ бар ҷони нотавонам?
Гуфт: он замон, ки набвад ҷон дар миёна ҳоил.

Дил додаам ба ёре, шӯхе, каше, нигоре,
Мурзият-ус-саҷоё, маҳмудат-ул-хасоил.

Дар айни гӯшагирӣ, будам чу чашми мастат,
В-акнун шудам чу мастон бар абруи ту моил.

Аз оби дида сад раҳ тӯфони Нӯҳ дидам,
В-аз лавҳи сина ҳаргиз нақшат нагашт зоил.

Эй дӯст, дасти Ҳофиз таъвизи захми чашм аст,
Ё Раб, бибинам онро дар гарданат ҳамоил!