GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 310. Марҳабо, тоири фаррухпайи фархундапаём

Марҳабо, тоири фаррухпайи фархундапаём,
Хайра мақдам, чӣ хабар, дӯст куҷо, роҳ кадом?

Ё Раб, ин қофиларо лутфи азал бадрақа бод,
Ки аз ӯ хасм ба дом омаду маъшуқа ба ком.

Моҷарои ману маъшуқи маро поён нест,
Ҳар чӣ оғоз надорад, напазирад анҷом.

Гул зи ҳад бурд танаъум, нафасе рух бинамо,
Сарв менозаду хуш нест, Худоро, бихиром!

Зулфи дилдор чу зуннор ҳамефармояд,
Бирав, эй шайх, ки шуд бар тани мо хирқа ҳаром!

Мурғи рӯҳам, ки ҳамезад зи сари сидра сафир,
Оқибат донаи холи ту фигандаш дар дом.

Чашми бемори маро хоб на дархур бошад,
Ман лаҳу яқтулу доун данафун кайфа яном.

Ту тараҳҳум накунӣ бар мани мухлис, гуфтам:
Зока даъвои ва ҳо анта ва тилка-л-айём.

Ҳофиз ар майл ба абруи ту дорад, шояд,
Ҷой дар гӯшаи меҳроб кунанд аҳли калом.

Ҳофизи Шерозӣ 311. Ошиқи рӯйи ҷавоне хушу навхостаам
Ҳофизи Шерозӣ 312. Бушро, из-ис-саломату ҳаллат би эй салам
Ҳофизи Шерозӣ 313. Бозой, соқиё, ки ҳавохоҳи хидматам
Ҳофизи Шерозӣ 314. Дӯш бемории чашми ту бибурд аз дастам
Ҳофизи Шерозӣ 315. Ба ғайр аз он, ки бишуд дину дониш аз дастам
Ҳофизи Шерозӣ 316. Зулф бар бод мадеҳ, то надиҳӣ барбодам
Ҳофизи Шерозӣ 317. Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам
Ҳофизи Шерозӣ 318. Маро мебиниву ҳар дам зиёдат мекунӣ дардам
Ҳофизи Шерозӣ 319. Солҳо пайравии мазҳаби риндон кардам
Ҳофизи Шерозӣ 320. Дишаб ба сели ашк раҳи хоб мезадам
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР