Нашояд гуфтан он касро диле ҳаст

Нашояд гуфтан он касро диле ҳаст,
Ки надҳад бар чунин сурат дил аз даст.

На манзуре, ки бо ӯ метавон гуфт,
На хасме, к-аз камандаш метавон ҷаст.

Ба дил гуфтам: Зи чашмонаш бипарҳез,
Ки ҳушёрон наёвезанд бо маст.

Сарангуштони махзубаш¹ набинӣ,
Ки дасти сабр барпечиду бишкаст?

На озод аз сараш барметавон хост,
На бо ӯ метавон осуда биншаст.

Агар дуде равад, бе оташе нест,
В-ар хуне биёяд, куштае ҳаст.

Хаёлаш дар назар, чун оядам хоб?
Нашояд дар ба рӯи дӯстон баст.

Нашояд хирмани бечорагон сӯхт,
Намебояд дили дармондагон хаст².

Ба охир дӯстӣ натвон буридан,
Ба аввал худ намебоист пайваст.

Дилат аз даст берун рафта, Саъдӣ,
Наёяд боз тири рафта аз шаст.


¹ Рангкарда, хизобкарда.
² Захм задан, маҷрӯҳ кардан.