Чун ман ба нафси хештан ин кор мекунам

Чун ман ба нафси хештан ин кор мекунам,
Бар феъли дигарон ба чӣ инкор мекунам?

Булубул самоъ бар гули бустон ҳамекунад,
Ман бар гули шақоиқи рухсор мекунам.

Ҳар ҷо ки сарви қоматею мӯи дилбарест,
Худро бад-он каманд гирифтор мекунам.

Гар теғ баркашанд азизон ба хуни ман,
Ман ҳамчунон таҳаммули дидор мекунам.

Ҳечам намонд дар ҳама олам ба иттифоқ,
Илло саре, ки дар қадами ёр мекунам.

Онҳо ки хондаам, ҳама аз ёди ман бирафт,
Илло ҳадиси дӯст, ки такрор мекунам.

Чун дасти қудратам ба таманно намерасад,
Сабр аз муроди нафс ба ночор мекунам.

Ҳамсоя, гӯ, гувоҳии мастию ошиқӣ
Бар ман мадеҳ, ки хештан иқрор мекунам.

Ман баъд аз ин на зуҳд фурӯшам, на маърифат,
К-он дар замир нест, ки изҳор мекунам.

Ҷон асту аз муҳаббати ҷонон дареғ нест,
Инам ки даст медиҳад, исор мекунам.

Зуннор агар бибандӣ, Саъдӣ, ҳазор бор,
Беҳ, з-он ки хирқа бар сари зуннор мекунам.