Имшаб он нест, ки дар хоб равад чашми надим

Имшаб он нест, ки дар хоб равад чашми надим,
Хоб дар равзаи ризвон накунад аҳли наим.

Хокро зинда кунад тарбияти боди баҳор,
Санг бошад, ки дилаш зинда нагардад ба насим.

Бӯи пироҳани гумкардаи худ мешунавам,
Гар бигӯям, ҳама гӯянд, залолест қадим.

Ошиқ он гӯш надорад, ки насиҳат шунавад,
Дарди мо нек набошад ба мудовои ҳаким.

Тавба, гӯяндам, аз андешаи маъшуқ бикун,
Ҳаргиз ин тавба набошад, ки гуноҳест азим.

Эй рафиқони сафар, даст бидоред аз мо,
Ки бихоҳем нишастан ба дари дӯст муқим.

Эй бародар, ғами ишқ оташи Намруд ангор,
Бар ман ин шуъла чунон аст, ки бар Иброҳим.

Мурда аз хоки лаҳад рақскунон бархезад,
Гар ту болои изомаш гузарӣ, азми рамим. (?)

Тамаъи васли ту медораму андешаи ҳаҷр,
Дигар, аз ҳар чӣ ҷаҳонам, на умед асту на бим.

Аҷаб аз кушта набошад ба дари хаймаи дӯст,
Аҷаб аз зинда, ки чун ҷон бадар овард салим.

Саъдиё, ишқ наёмезаду шаҳват бо ҳам,
Пеши тасбеҳи малоик наравад деви раҷим.