Мо ба рӯи дӯстон аз бӯстон осудаем

Мо ба рӯи дӯстон аз бӯстон осудаем,
Гар баҳор ояд, в-агар боди хазон, осудаем.

Сарвболое, ки мақсуд аст, агар ҳосил шавад,
Сарв агар ҳаргиз набошад дар ҷаҳон, осудаем.

Гар ба саҳро дигарон аз баҳри ишрат мераванд,
Мо ба хилват бо ту, эй сарви равон, осудаем.

Ҳар чӣ дар дунёву уқбо роҳату осоиш аст,
Гар ту бо мо хуш дароӣ, мо аз он осудаем.

Барқи наврӯзӣ гар оташ мезанад дар шохсор,
В-ар гулафшон мекунад дар бӯстон, осудаем.

Боғбонро гӯ, агар дар гулситон ололаест,
Дигареро деҳ, ки мо бо дилситон осудаем.

Гар сиёсат мекунад султону қозӣ, ҳокиманд,
В-ар маломат мекунад пиру ҷавон, осудаем.

Мавҷ агар киштӣ барорад то ба авҷи офтоб,
Ё ба қаър-андар барад, мо бар карон осудаем.

Ранҷҳо бурдему осоиш набуд андар ҷаҳон,
Тарки осоиш гирифтем, ин замон осудаем.

Саъдиё, сармоядорон аз халал тарсанду мо
Гар барояд бонги дузд аз корвон, осудаем.