Мо дари хилват ба рӯи халқ бибастем

Мо дари хилват ба рӯи халқ бибастем,
Аз ҳама боз орамидему бо ту нишастем.

Ҳар чӣ на пайванди ёр буд, буридем,
В-ончи на паймони дӯст буд, шикастем.

Мардуми ҳушёр аз ин муомила дуранд,
Шояд, агар айби мо кунанд, ки мастем.

Молики худро ҳамеша ғусса гудозад,
Милки парипайкаре шудему бирастем.

Шокири неъмат, ба ҳар тариқ ки будем,
Доъии давлат, ба ҳар мақом ки ҳастем.

Дар ҳама чашме азизу назди ту хорем,
Дар ҳама олам баланду пеши ту пастем.

Эй бути соҳибдилон, мушоҳида бинмой,
То ту бибинему хештан напарастем.

Дида нигаҳ доштем, то наравад дил,
Бо ҳама айёрӣ аз каманд наҷастем.

То ту иҷобат диҳӣ, ки дар қадамам рез,
Ҷони гиромӣ ниҳода бар кафи дастем.

Дӯстӣ он аст, Саъдиё, ки бимонад,
Аҳди вафо ҳам бар ин қарор, ки бастем.