GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 331. Ба теғам гар кушад, дасташ нагирам

Ба теғам гар кушад, дасташ нагирам
В-агар тирам занад, миннатпазирам.

Камони абруятро, гӯ, бизан тир,
Ки пеши дасту бозуят бимирам!

Ғами гетӣ гар аз поям дарорад,
Ба ҷуз соғар кӣ бошад дастгирам?

Барой, эй офтоби субҳи уммед,
Ки дар дасти шаби ҳиҷрон асирам.

Ба фарёдам рас, эй пири харобот,
Ба як ҷуръа ҷавонам кун, ки пирам.

Ба гесуи ту хӯрдам дӯш савганд,
Ки ман аз пойи ту сар барнагирам.

Бисӯз ин хирқаи тақвӣ ту, Ҳофиз,
Ки гар оташ шавам, дар вай нагирам.

Ҳофизи Шерозӣ 332. Мазан бар дил зи нӯки ғамза тирам
Ҳофизи Шерозӣ 333. Намози шоми ғарибон чу гиря оғозам
Ҳофизи Шерозӣ 334. Гар даст расад бар сари зулфайни ту бозам
Ҳофизи Шерозӣ 335. Дар хароботи муғон гар гузар афтад бозам
Ҳофизи Шерозӣ 336. Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам?
Ҳофизи Шерозӣ 337. Чаро на дар пайи азми диёри худ бошам?
Ҳофизи Шерозӣ 338. Ман дӯстдори рӯйи хушу мӯйи дилкашам
Ҳофизи Шерозӣ 339. Хаёли рӯйи ту чун бигзарад ба гулшани чашм
Ҳофизи Шерозӣ 340. Ман, ки аз оташи дил чун хуми май дар ҷӯшам
Ҳофизи Шерозӣ 341. Гар ман аз сарзаниши муддаиён андешам
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР