Мо гадоёни хайлтошонем

Мо гадоёни хайлтошонем,
Шаҳрбанди1 ҳавои ҷононем.

Бандаро номи хештан набувад,
Ҳар чӣ моро лақаб ниҳанд, онем.

Гар биронанду гар бибахшоянд,
Раҳ ба ҷои дигар намедонем.

Чун дилором мезанад шамшер,
Сар бибозему рух нагардонем.

Дӯстон дар ҳавои суҳбати ёр
Зар фишонанду мо сар афшонем.

Мар худованди ақлу донишро
Айби мо, гӯ, макун, ки нодонем.

Ҳар гуле нав, ки дар ҷаҳон ояд,
Мо ба ишқаш ҳазордастонем.

Тангчашмон назар ба мева кунанд,
Мо тамошокунони бустонем.

Ту ба симои шахс менигарӣ,
Мо дар осори сунъ ҳайронем.

Ҳар чӣ гуфтем, ҷуз ҳикояти дӯст,
Дар ҳама умр аз он пушаймонем.

Саъдиё, бе вуҷуди суҳбати ёр
Тарки ёри азиз натвонем.


1 Зиндонӣ, маҳбус.