Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Пешгуфтор

Пешгуфтор

Ҳаким Низомиддин Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закӣ, мутахаллис ба Низомӣ, шоири қарни шашуми ҳиҷрии қамарӣ аст, ки дар соли 535 (1141 м.) ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Ганҷа дида ба ҷаҳон гушуд. Аз зиндагонии Низомӣ иттилооти чандоне дар даст нест, аммо бар тибқи он чӣ дар манобеъ дар бораи ӯ омадааст, мушаххас мешавад, ки вай тамоми умри худро дар зодгоҳи худ, шаҳри Ганҷа, ба сар бурд ва дар ҳамон ҷо низ вафот ёфт. Таърихи даргузашти ӯро ба соли 614 (1217 м.) ҳиҷрии қамарӣ навиштаанд. Албатта, дар боби соли таваллуд ва вафоти ӯ ихтилофи назарҳои бисёре дар манобеъи мухталиф ба чашм мехӯрад, аммо зоҳиран ин ду таърих аз дигар таърихҳо пазируфтанитар ба назар мерасанд.

Низомӣ аз донишҳои роиҷ дар он рӯзгор, монанди нуҷуму улуми динӣ ва адаби форсию арабӣ баҳраманд буда ва аз тамоми ин огоҳиҳо дар сурудани ашъори худ низ баҳра бурдааст. Умдаи шуҳрати вай ба воситаи сурудани панҷ манзумаи баланд (бузург, тӯлонӣ) аст, ки ба номи «Панҷ ганҷ» ё «Хамса» шинохта мешавад. Ин панҷ манзума иборатанд аз: «Махзан-ул-асрор», «Хусрав ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ҳафт пайкар» ё «Баҳромнома», «Искандарнома» (шомили ду бахш: «Шарафнома» ва «Иқболнома»).

Низомӣ маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро дар 4700 байт дар соли 588 (1191 м.) ҳиҷрии қамарӣ суруд. Бо вуҷуди ин ки номи Лайлӣ ва Маҷнун дар даврони пеш аз Низомӣ низ дар ашъору осори шоирон ва нависандагони адабиёти форсӣ дида мешавад, Низомиро бояд нахустин шоире донист, ки ин достонро ба сурати як манзумаи баланду мустақил ба назм даровард. Асли достони «Лайлӣ ва Маҷнун» яке аз афсонаҳои маҳаллии аъроб буда, ки ривояте бисёр сода аз достони ошиқ шудани ду кӯдак ба якдигар будааст ва ҳатто ба назари бархе дигар аз муҳаққиқон, собиқаи он ба пеш аз ислом ва ба сарзамини Бобил бозмегардад.

Пас аз Низомӣ низ шоирони мутааддиде (бисёр) ба сурудани достонҳои ошиқонаи баланд ва хусусан достони «Лайлӣ ва Маҷнун» рӯй оварданд ва даҳҳо шоир дар Эрон, Ҳинд ва Туркистон манзумаҳои мушобеҳеро суруданд ва бархе аз онҳо низ достони Низомиро бо афзудани шоху барг ба он ва бо рангу луоби бештар, тағйир доданд.

Он чӣ дар маҷмӯаи ҳозир аз назари хонандагон муҳтарам мегузарад баргардони ин асари гаронбаҳо ба наср аст. Нигоранда дар кори баргардондани ин достон ба наср, дар сода кардани матн ва ба кор набурдани алфозу таъбирот ва истилоҳоти душвор кӯшидааст, то умуми мухотибони ин китоб, бо ҳар салиқа ва сатҳи дониш, битавонанд аз он баҳраманд шаванд. Ҳамчунин барои бархе калимот ва таъбироти ба зоҳир душворе, ки умуман дар матни ашъори сурудаи Низомӣ ба кор рафта, вожаномае дар интиҳои китоб тартиб дода шудааст.

Муртазо Қосимӣ