Дар васф наёяд, ки чӣ шириндаҳан аст он

Дар васф наёяд, ки чӣ шириндаҳан аст он,
Ин аст, ки дур аз лабу дандони ман аст он.

Ораз натавон гуфт, ки даври қамар аст ин,
Боло натавон хонд, ки сарви чаман аст он.

Дар сарв расидаст, валекин ба ҳақиқат
Аз сарв гузаштаст, ки симинбадан аст он.

Ҳаргиз набувад ҷисм бад-ин ҳусну латофат,
Гӯӣ, ҳама рӯҳ аст, ки дар пираҳан аст он.

Хол аст бар он сафҳаи симини буногӯш,
Ё нуқтае аз ғолия бар ёсуман аст он?

Филҷумла қиёмат туӣ имрӯз дар офоқ,
Дар чашми ту пайдост, ки боби фитан аст он.

Гуфтам, ки дил аз чанбари зулфат бираҳонам,
Тарсам, нараҳонам, ки шикан бар шикан аст он.

Ҳар кас, ки ба ҷон орзуи васли ту дорад,
Душвор барояд, ки муҳаққар саман¹ аст он.

Марде, ки зи шамшери ҷафо рӯй битобад,
Дар кӯи вафо мард махонаш, ки зан аст он.

Гар хастадиле наъра занад бар сари кӯе,
Айбаш натавон гуфт, ки бехештан аст он.

Наздики ман он аст, ки ҳар ҷурму хатое,
К-аз соҳиби ваҷҳи ҳасан ояд, ҳасан аст он.

Саъдӣ сари савдои ту дорад, на сари хеш,
Ҳар ҷома ки айёр бипӯшад, кафан аст он.


¹ Баҳои андаку ночиз.