Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Оғози достон

Оғози достон

Гӯяндаи достон чунин гуфт,
Он лаҳза, ки дури ин сухан суфт,
К-аз мулки араб бузургворе
Будаст ба хубтар диёре,
Бар омириён кифоят ӯро,
Маъмуртарин вилоят ӯро.
Соҳибҳунаре ба мардумӣ тоқ,
Шоистатарини ҷумла офоқ.
Ҳарчанд халифавор машҳур
Аз бехалафӣ чу шамъи бенур.
Муҳтоҷтар аз садаф ба фарзанд,
Чун хӯша ба дона орзуманд.

Рӯзгорони дур дар сарзамини Арабистон фармонравое бузургвор ва соҳибҳунар, ки яке аз шоистатарин инсонҳо дар тамоми дунё буд, дар яке аз ободтарин вилоятҳои он навоҳӣ бар қабилаи омириён ҳукумат мекард, аммо агарчи ин фармонраво ба андозаи шоҳон ва хулафо шуҳрат дошту маъруф буд, ба далели ин ки ҳеч фарзанде надошт, шабеҳи шамъе буд, ки ҳеч нуре надошт; Пас ҳамеша дар ғаму андӯҳ ба сар мебурд. Ӯ мисли садафе буд, ки ба фарзанде мисли марворид ниёзманд аст, ё монанди хӯшае, ки орзуи донаро дар дил дорад, зеро касе дар дунё ҷовидона мемонад, ки аз ӯ фарзанде солеҳ ба ҷой бимонад.

Ин амир барои расидан ба орзуи худ назрҳо мекард ва дасти ниёзмандонро мегирифт ва ба афроди фақиру бечиз ёрӣ мерасонд ва бо ин ки ҳанӯз ба орзуяш нарасида буд, даст аз кӯшиш барнамедошт ва ҳамеша орзу мекард, ки фарзанде дошта бошад.

Дур металабиду дур намеёфт
В-аз дурталабӣ инон наметофт.
Ва огаҳ на, ки дар чунон дирангӣ,
Пӯшида бувад салоҳрангӣ.
Ҳар ч-он талабию чун набошад,
Аз маслиҳате бурун набошад.

Аммо ӯ аз ин нукта огоҳ набуд, ки агар чунин таъхире дар доштани фарзанд рӯй дода, ҳатман маслиҳате дар кор будааст, чаро ки бисёр ҳикматҳои илоҳӣ ҳастанд, ки агар аз бандагон пӯшидаву пинҳон бимонанд беҳтар аст. Саранҷом Худованд ба ӯ, ки дар орзуи фарзанд буд, ба далели дуоҳо ва зориҳояш, писари шоиста ато кард. Падар чун рӯйи фарзанди худро дид, дари хизонаҳояшро боз кард ва ба ҳар касе чизе бахшид ва пас аз он дастур дод писарро ба дояе бисупоранд, ки ӯро шир бидиҳад, то биболаду рушд кунад.

Аз маҳ чу ду ҳафта буд рафта
Шуд моҳи дуҳафта бар ду ҳафта.
Шарти ҳунараш тамом карданд,
Қайси ҳунареш ном карданд.

Вақте ки ду ҳафта аз таваллуди писар гузашт ва монанди моҳи шаби чаҳордаҳ зебо шуд, номи «Қайси ҳунарӣ»-ро барои ӯ интихоб карданд. Як соле аз ин моҷаро гузашт, илова бар зебоӣ, камолоти он писар низ ошкор гашт. Қайс чанд солеро ҳам ба бозӣ ва шодии кӯдакона сипарӣ карду бузург шуд ва ба ҳафтсолагӣ расид ва зебоиҳои чеҳраи ӯ бештар аз пеш намоён шуд ва вақте ки ба даҳсолагӣ расид, он қадар зебо шуда буд, ки ҳама аз зебоӣ ва ҷамоли ӯ ҳарф мезаданд.

Падараш, ки аз дидани рӯйи ӯ рӯҳу ҷонаш шод мешуд, писарро ба мактаб фиристод. Дар мактабхона ҷамъи дигаре аз кӯдакон низ буданд, ки ба иллати (сабаби) бузургӣ ва уббаҳати (шавкат) Қайс ва хонаводааш, бо ӯ дӯстӣ ва ҳамнишинӣ мекарданд. Чанд духтар аз қабилаҳо ва тоифаҳои дигар низ бо он писарони кӯчак дар он мактабхона ҳузур доштанд. Дар он ҷамъ духтаре зебо ҳамчун марвориди дастнахӯрда низ ҷузви шогирдони мактабхона буд ва дарс мехонд; духтари зеборӯ, ки чашмонаш зебоии чашмони оҳуро дошт ва ҳар лаҳза бо нозу карашмаи худ дигаронро мекушт. Дар як калом духтаре буд хушсухану ороста, бо даҳони кӯчак (хурд) ва қадде баланд ва рӯйе мисли моҳ равшану зебо. Ҳар касе дар дилаш орзуи дӯстӣ бо он духтарро дошт; духтаре, ки гесувонаш мисли шаб сиёҳу номи худаш ҳам «Лайлӣ» буд.

Аз он ҷо ки Лайлӣ бисёр дӯстдоштанӣ буд, Қайс низ ба ӯ алоқаманд шуд ва дил ба ӯ сипурд. Лайлӣ низ орзуи дӯстӣ бо Қайсро дошт ва ба назар мерасид, ки ишқ дар дили ҳар дуи онҳо дар ҳоли реша давонидан аст. Саранҷом ишқ кори худро кард ва ба ҳар дуи онҳо шарбате чашонду онҳоро маст кард. Дар мактабхона ва ба ҳангоми дарс хондан, ин яке ошиқи зебоии он дигаре шуд ва дар ишқи ӯ наздик буд ҷони худро ҳам бидиҳад ва он яке низ доим чашм ба зебоии дигаре дӯхта ва дилаш аз даст рафта буд ва дар ҳоле ки дӯстонашон машғули омӯхтани илму дониш буданду суҳбат аз луғату ҳисоб ва дарсу машқ мекарданд, он ду дар фикри ишқу ошиқӣ ва дӯстию муҳаббат буданд.

Оре, ҳар рӯз субҳ, ки хуршед тулӯъ мекард ва кӯдакон ба мактаб мерафтанд, Лайлӣ дубора дилбариҳояшро аз сар мегирифт ва Қайс ҳам аз ғуссаи ишқи ӯ ноорому бетоб мешуд.

Чун якчанде бар ин баромад
Афғон зи ду нозанин баромад.
Ишқ омаду хона кард холӣ
Бардошта теғи лоуболӣ.
Ғам доду дил аз канорашон бурд
В-аз дилшудагӣ қарорашон бурд.
З-он дил, ки ба якдигар бидоданд,
Дар маърази гуфтугӯ фитоданд.

Чун муддате аз ин моҷаро гузашт, нолаву фарёд аз ҳар ду баланд шуд, зеро ишқ монанди касе, ки шамшер ба даст гирифта бошаду мулоҳизаи ҳеч касу ҳеч чизро накунад, ба дилҳои он ду ворид шуд ва хонаи дилҳояшонро холӣ кард ва дили ҳар дуро рабуд ва ба ҷояш ба онҳо ғами ишқ дод. Бале, ошиқӣ ва дилдодагӣ орому қарори ин ду нафарро гирифт ва ин ҷо буд, ки достони ишқашон бар сари забонҳо уфтод ва ҳама аз он бохабар шуданд.

Пас аз он, ин ду дилдода кӯшиданд то шикебоӣ кунанд ва он ишқи ошкоршударо пинҳон намоянд, аммо дар кори ишқ ҳеч гоҳ шикебоӣ ва сабр судманд набуда ва ҳамон тавр, ки хуршедро наметавон бо гил пӯшонид ва аз назарҳо пинҳон кард, ишқро ҳам наметавон пӯшида нигоҳ дошт. Аз сӯи дигар, он гоҳ, ки Қайс дар доми ишқ уфтод, аз дӯстии Лайлӣ шефтаву монанди девонагон шуд ва дар ҳеч ҷо орому қарор надошт.

Чун шефта гашт Қайсро кор
Дар чанбари ишқ шуд гирифтор.
Аз ишқи ҷамоли он дилором,
Нагрифт ба ҳеч манзил ором.
Онон, ки науфтода буданд,
«Маҷнун» лақабаш ниҳода буданд.
Ӯ низ ба ваҷҳи бенавоӣ
Медод бар он сухан гувоӣ.

Он касоне, ки ҳанӯз худашон гирифтор ишқ нашуда буданд, номи ӯро «Маҷнун» ниҳоданд ва дар кӯчаю бозор «девона» садояш мекарданд ва ӯ низ бо бенавоӣ ва дармондагӣ, сухани ононро таъйид мекард. Лайлӣ ҳам чун аз Маҷнун ҷудо шуд, яксара дар ҳоли гиряву зорӣ буд ва пинҳонӣ ашк мерехт. Аз сӯи дигар, Маҷнун ҳам аз ғами ҷудоии Лайлӣ ончунон мегирист, ки ангор аз ҳар мижааш сели ашк ҷорӣ аст. Дар он ҳолат дигар на рӯз дошту на шаб ва кораш ин шуда буд, ки ҳар рӯз сар ба биёбон мегузошт ва овоз мехонду шабҳо ба сурати пинҳонӣ ба қабилаи Лайлӣ ва кӯчае, ки хонаи ӯ дар он ҷо буд, мерафт. Он ду, бо вуҷуди ин ки наметавонистанд якдигарро бубинанд, дили худро ба ҳамин хуш мекарданд, ки гоҳе Маҷнун ба кӯча ва маҳаллаи Лайлӣ саре бизанад ва аз он ҷо бигузарад.

Маҷнун, ки ҳоло дигар шабеҳи дарёе шуда буд, ки аз ҷӯшишу хурӯш намеистод ва ҳамеша ноором буд, чанд дӯсти самимӣ мисли худаш дошт, ки ҳамагии онон ошиқ буданд.

Бо он ду-се ёр ҳар саҳаргоҳ
Рафтӣ ба тавофи кӯи он моҳ.
Берун зи ҳисоби номи Лайлӣ
Бо ҳеч сухан надошт майле…
Он кӯҳ, ки Наҷд буд номаш
Лайлӣ ба қабила ҳаммақомаш.
Аз оташи ишқу дуди андӯҳ
Сокин нашудӣ, магар бар он кӯҳ.
Бар кӯҳ шудию мезадӣ даст
Уфтонхезон чу мардуми маст.

Ӯ ба ҳамроҳи ёрони худ ҳар рӯз ба кӯчаи маъшуқи худ мерафт ва дар он ҷо парса мезад (мегашт). Маҷнун ончунон ошиқи Лайлӣ шуда буд, ки ба шунидани ҳеч ҳарфе ба ҷуз он чӣ ба Лайлӣ марбут мешуд, алоқае надошт ва фақат замоне аз дасти ғамҳо озод мешуд, ки ба болои кӯҳи Наҷд мерафт, ки дар канори он қабилаи Лайлӣ мақом дошт.

Маҷнун бар болои он кӯҳ мерафт ва мисли одамҳои маст, афтону хезон ва тилав-тилавхӯрон (каловида-каловида), даст мезаду гиря мекард ва хитоб ба боди сабо мегуфт: «Эй боди сабо! Субҳгоҳон аз ҷойи худ баланд шаву ба назди Лайлӣ бирав ва дар байни мӯҳову зулфи ӯ бипеч ва даст ба домани ӯ шаву бигӯ, ки он кас, ки аз ишқи ту ба бод рафта ва аз хорию зорӣ ба хоки роҳ уфтодааст ва қиссаи ғами туро бо замин мегӯяд, бӯй ва нишонае аз нафаси туро ҷустуҷӯ мекунад ва мехоҳад. Ба ӯ бигӯ, ки бодеро аз сари кӯйаш ба ин самт бифиристад, ки бӯйи ӯро дошта бошад ва ту ҳам миқдоре аз хоки кӯи Лайлиро барои ман ба унвони ёдгорӣ биёвар. Ба ӯ бигӯ, ки ҳар кас ҷони худро дар роҳи ту аз даст надиҳад, беҳтар аст, ки аз ғуссаҳо бимирад. Агар гармои оташи ишқ ва алоқае ба ту набуд, сели ғам маро бо худ мебурду нобуд мекард ва агар ашкҳои ман набуд, дилам аз ҳарорати оташи ғами ту месӯхт».

Ҳам чашми баде расид ногоҳ
К-аз чашми ту уфтодам, эй моҳ!
Аз чашмрасидагӣ, ки ҳастам
Шуд чун ту расидае зи дастам.

«Бигӯ, ки ман фикр мекунам чашмзахме ба мо расид ва касе моро назар кард, ки ман ин тур аз чашми ту уфтодам ва ҳатман ба далели ҳамон чашм гирифтанҳост, ки ту аз дасти ман рафтӣ».

Рӯзе аз рӯзҳо, Маҷнуни ошиқи беорому қарор, ба ҳамроҳии дӯстони худ дар ҳоли шеър гуфтану суруд хондан, ба сӯи қабила ва маҳалли зиндагии Лайлӣ рафт. Вақте ки ба кӯчаи онҳо расид, ногаҳон Лайлиро дид, ки дар пушти панҷараи утоқаш (тирезаи ҳуҷрааш) истодаасту ба ӯ нигоҳ мекунад.

Он дид дар ину ҳасрате х(в)ард
В-ин дид дар ону навҳае кард.
Лайлӣ на, ки субҳи гетиафрӯз
Маҷнун на, ки шамъи хештансӯз.
Қонеъ шуда ин аз он ба бӯйе
В-он розӣ аз ин ба ҷустуҷӯйе.
То чарх бад-ин баҳона бархост
Пайки назар аз миёна бархост.

Лайлӣ бо ҳасрат ба Маҷнун нигоҳе кард ва Маҷнун низ шурӯъ кард ба зорию навҳа кардан. Дар он лаҳза ангор, ки Лайлӣ дигар Лайлӣ набуд, балки аз зебоӣ шабеҳи хуршеде буд, ки ҳар рӯз субҳ ҷаҳонро равшан мекунад. Аз сӯи дигар, Маҷнун ҳам дигар Маҷнун набуд, балки мисли шамъе буд, ки худро месӯзонду об мешуд. Маҷнун аз висоли Лайлӣ танҳо ба бӯе, ки бод аз ӯ бо худ меовард розӣ шуда буд ва Лайлӣ низ дил ба пурсуҷӯйе аз аҳволи Маҷнун хуш карда буд, то ин ки гардиши рӯзгор ва ҳаводис чунон пеш овард, ки ҳатто ҳамин дидорҳои кӯтоҳ низ дигар муяссар нашуд.