Ҳофизи Шерозӣ

352. Рӯзгоре шуд, ки дар майхона хидмат мекунам

Рӯзгоре шуд, ки дар майхона хидмат мекунам,
Дар либоси фақр кори аҳли давлат мекунам.

То кай андар доми васл орам тазарви хушхиром?
Дар каминам в-интизори вақти фурсат мекунам.

Воизи мо бӯйи ҳақ нашнид, бишнав, к-ин сухан
Дар ҳузураш низ мегӯям, на ғайбат мекунам.

Бо сабо афтону хезон меравам то кӯйи дӯст
В-аз рафиқони раҳ истимдоди ҳиммат мекунам.

Хоки кӯят заҳмати мо барнатобад беш аз ин,
Лутфҳо кардӣ, буто, тахфифи заҳмат мекунам.

Зулфи дилбар доми роҳу ғамзааш тири балост,
Ёд дор, эй дил, ки чандинат насиҳат мекунам.

Дидаи бадбин бипӯшон, эй карими айбпӯш,
З-ин далериҳо, ки ман дар кунҷи хилват мекунам.

Ҳофизам дар маҷлисе, дурдикашам дар маҳфиле,
Бингар ин шӯхӣ, ки чун бо халқ санъат мекунам!