Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Ба хостгорӣ рафтани падари Маҷнун

Ба хостгорӣ рафтани падари Маҷнун

Чун роҳи диёри дӯст бастанд,
Бар ҷӯйи бурида пулшикастанд.
Ҳар дам зи диёри хеш пӯён,
Бар Наҷд шудӣ сурудгуён.
Мискин падараш бимонда дар банд,
Ранҷур дил аз барои фарзанд.
Пурсид зи маҳрамони хона,
Гуфтанд якояк ин фасона,
К-ӯ дил ба фулон арӯс додаст
К-аз парда чунин бадар фитодаст.

Вақте ки роҳи расидан ба қабилаи Лайлиро бар Маҷнун бастанд, Маҷнун аз сахтии дарди ҷудоӣ тамоми шабро ба шеърхонӣ мегузаронад ва ҳар лаҳза аз қабила ва хонаю кошонаи худ, дар ҳоле ки овоз мехонд, роҳи кӯҳи Наҷдро пеш мегирифт ва ба ҳамроҳи чанд девонае дилаздастдодаи дигар, ба он ҷо мерафт.

Хешовандону ошноёни Маҷнун, ки ӯро дар ин вазъият медиданд ва далелашро ҳам намедонистанд, ҳама дар назди падараш лаб ба шикоят аз ӯ боз карданд. Бархе аз онон низ ӯро насиҳат мекарданд, аммо ҳарчи гуфтанд ва ӯро панд доданд, фоидае надошт ва ҳама медонанд, ки вақте пойи ишқу ошиқӣ дар миён бошад, ҳеч гӯше ҳеч насиҳатеро намепазирад.

Падари Маҷнун, ки аз ин вазъияти писар бисёр ғамгин буд ва ҳеч чорае надошт ва чизе ба хотираш намерасид, дар ниҳоят бо касоне, ки маҳраму қобили итминон буданд, машварат кард ва қазияро аз онон пурсид. Дӯстони ҳоким низ ба ӯ гуфтанд: «Маҷнун ба фулон духтар дил сипурда, ки ин гуна хору беарҷ шудааст».

Падари Маҷнун, ки қиссаи ошиқӣ ва дилдодагии писарашро шунид мусаммам шуд, ки ба ранҷҳои ӯ поён диҳаду ғаму ғуссаро аз дили ӯ дур созад. Пас тасмим гирифт, ки Лайлиро бо шукӯҳу ҷалоли фаровон барои писараш, ки мисли нури дидааш буд, хостгорӣ кунад. Риш сафедону пирони қабила ҳам бо ин тасмими ӯ мувофиқат карданд ва қарор бар ин шуд, ки он ду дилдодаро ба ақди ҳам дароваранд. Пас аз он падари Маҷнун умедвору шодмон шуд ва чанд рӯз баъд, ба ҳамроҳи ҳайате бузург ва бо созу барге фаровон ва муҷаллал (бошукуҳ), ба самти қабилаи Лайлӣ ба роҳ уфтод.

Чун аҳли қабилаи дилором
Огоҳ шуданд хосс то ом.
Рафтанд бурун ба мизбонӣ
Аз роҳи вафову меҳрубонӣ.
Бо сайиди омирӣ ба як бор
Гуфтанд, чӣ ҳоҷат аст пеш ор.
Гуфто, ки муродам ошноист
В-он ҳам зи пайи ду рӯшноист.

Вақте ки аҳолии қабилаи Лайлӣ аз ин моҷаро огоҳ шуданд, аз рӯйи меҳру муҳаббат ва вафодорие, ки нисбат ба падари Маҷнун доштанд, ба истиқболи онон рафтанд ва аз ӯ пурсиданд, ки мақсуди ӯ аз омадан ба қабилаи онҳо чист. Падари Маҷнун низ дар посух гуфт: «Манзур аз ин омадан эҷоди ошноӣ ва пайванд аст, пайванди миёни ду нури дида».

Пас аз он ба падари Лайлӣ гуфт: «Ҳар касе дар ин дунё бо ҷуфти худаш оростатар мешавад ва ба ҳамин далел ман ҳам аз рӯйи меҳр ва ба манзури эҷоди пайванде нав фарзанди туро барои писари худ хостгорӣ мекунам».

Сипас идома дод: «Ту маро хуб мешиносӣ ва медонӣ, ки яке аз маъруфтарин ва саршиностарин афроди ин рӯзгор ҳастам ва бузургию ҷалол ва молу манол низ дорам, пас ҳарчи ту шарт кунӣ ва ҳарчи талаб кунӣ, ба ту хоҳам дод».

Вақте ки суханони падари Маҷнун поён ёфт, падари Лайлӣ чунин посух дод: «Ин ҳарфҳо ва гуфтаҳои хубу некӯ ба ҷойи худ, аммо бо вуҷуди ин ки дар ин пайванду васлат дӯстиву ҳамдилӣ ҳаст, аз сӯи дигар, душманӣ ва душманкомӣ низ дар он вуҷуд дорад. Ҳама медонанд, ки писари ту девона аст ва худхоҳу худком ва ба ин далел наметавонад ҳамнишини мо бошад ва то замоне, ки оқил нашавад, ҳеч сухане аз васлати ӯ бо духтари ман набояд ба миён биёяд. Ҳеч кас ҷавоҳиреро, ки дар он эроде вуҷуд дошта бошад, намехарад. Ту худат хуб медонӣ, ки аъроб то чӣ ҳадде айбҷӯӣ мекунанд, ҳол агар ман ба ин васлат ризоят бидиҳам, бубин чӣ чизҳо, ки намегӯянд; пас ҳарф ҳамон аст, ки гуфтам! То вазъ чунин аст, сар гирифтани ин васлатро фаромӯш кунед».

Чун омириён сухан шуниданд,
Ҷуз бозшудан даре надиданд.
Навмедшуда зи пеш рафтанд,
Озарда ба ҷой хеш рафтанд.
Машғул бад-он ки ганҷ бозанд,
Ва оншефтаро илоҷ созанд.
В-он гаҳ ба насиҳаташ нишонданд,
Бар оташ хор мефишонданд.

Омириён вақте ки ин суханро бо ин қотеъият аз падари Лайлӣ шуниданд, ҳеч чорае ҷуз бозгаштан надиданд ва ноумеду ранҷидадил ба қабилаи худ баргаштанд. Пас аз он тасмим гирифтанд ҳар кореро, ки метавонанд анҷом бидиҳанд ва ҳатто ҳар қадар лозим аст харҷ кунанд, ки Маҷнун дармон шавад ва аз он ҳолу ҳаво берун биёяд. Бинобар ин, ибтидо ба насиҳати ӯ пардохтанд, аммо чӣ фоида, ки ангор бар рӯйи оташи шуълавар хору хошок мерезанд ва онро тундтару шуълавартар месозанд.

Пас аз он хешони Маҷнун аз роҳи дигаре ворид шуданд ва ин бор ба ӯ гуфтанд, ки дар ин сарзамин духтарони зеботар ва раънотару хушрӯтар аз Лайлӣ фаровонанд; духтароне, ки ҳар як аз дигаре дар камолу зебоӣ беҳтар аст. Вақте ки ин ҳама ошно давру бари туст, чаро мехоҳӣ аз бегонагон чизе талаб кунӣ. Ба мо иҷоза бидеҳ, ки аз миёни ҳамин духтарони хушном якеро барои ту интихоб кунем.

Маҷнун чу шунид панди хешон,
Аз талхии пандшуд парешон.
Туркона зи хона рахт барбаст,
Дар кӯчгаҳи раҳил биншаст.
Девонасифатшуда ба ҳар кӯй,
«Лайлӣ, Лайлӣ»- занон ба ҳар сӯй.

Маҷнун ҳам бо шунидани насиҳатҳои онон парешонтар шуд ва дар он ҳолати ошуфтагӣ пероҳани худро пора кард ва аз хона берун заду ба роҳ уфтод ва дар кӯчаю бозор девонагиҳо кард ва гӯӣ мехост худро бикушад; ба наҳве, ки ҳар кас ӯро медид аз тарсу тааҷҷуб «лоҳавл» мехонд, аммо ӯ ҳамчунон девонавор аз ин кӯча ба он кӯча ва аз ин маҳалла ба он маҳалла мерафт ва мудом номи Лайлиро садо мекард.

Оқибат Маҷнун аз шаҳру диёри худ рафт ва аз ҷамъияту мардум дур шуд. Ӯ дар ҳоле ки аз он ҷо мерафт, бо худ гилаву шикоят мекард ва мегуфт: «Чаро авзоъи ман чунин шуда ва ин гуна аз ёру маъшуқи худ ҷудо мондаам? Кош тундбоде меомаду маро бо худ мебурд ва ё соиқае бузург аз осмон мерасиду хонумон ва ҷону зиндагии маро бо ҳам месӯзонд, ё касе маро ба оташ мекашиду кори маро тамом мекард. Ин чӣ зиндагие аст, ки ман дорам? Ҳама маро девона мепиндоранд ва хешони ман аз ахлоқи ман озурдахотир шудаанд ва дӯстонам аз бурдани номи ман шарм медоранд ва ҳеч кас онро, ки боису сабаби ин вазъият шудааст, бозхост намекунад».

Маҷнун ҳамин тавр мерафту месуруд ва аз замину замон шиква мекард ва аз дигарон мехост, ки чорае барои кори гиреҳхӯрдаи ӯ биандешанд ва пеши худ, хитоб ба Лайлӣ, мегуфт:

Зулфи ту дарид, ҳар чӣ дил дӯхт,
Ин ҷомадарӣ варо кӣ омӯхт?
Коре бикун, эй нишони корам,
З-ин чаҳ, ки фурӯ шудам, барорам.
Эй роҳати ҷони ман, куҷоӣ?
Дар бурдани ҷони ман чароӣ?
Бар васли ту, гарчи нест дастам,
Ғам нест чу бар умед ҳастам.

«Эй касе, ки зулфу рӯйи зебои ту дили маро бурд ва маро ба ин рӯз андохт ва ҳар чиро, ки ман дар дил доштам, аз байн бурду нобуд кард! Эй ҳама чиз ва эй ному нишони ман, дастамро бигир ва аз ин чоҳ, ки дар он гирифтор шудаам, берун биовар ва ба ман раҳм кун. Магар нашнидаӣ, ки бояд ба дигарон меҳрубонӣ ва раҳм кард, то дигарон низ ба ту раҳм кунанду меҳр биварзанд? Эй касе, ки боиси роҳату оромиши рӯҳу ҷони манӣ! Чаро мехоҳӣ бо номеҳрубониҳоят ҷони маро бигирӣ? Ҷурми дили ман чист, магар ман гуноҳе ба ҷуз дӯст доштани ту доштаам, ки сазоям ин аст? Ман наметавонам дӯстиву ишқи туро аз дилам берун кунам. Ту бигӯ, ки ин рози дили худро ба кӣ бигӯям? Ин ишқу дӯстӣ он қадар дар вуҷуди ман рахна кардааст, ки ангор бо шире, ки аз модар хӯрдаам дар вуҷуди ман ниҳода шуда ва то вақте ки зиндаам, дар ҷонам хоҳад монд ва фақат бо мурдани ман аст, ки аз дили ман берун хоҳад рафт».

Ин гуфту фитод бар сари хок,
Наззорагиёншуданд ғамнок.
Гаштанд ба лутф чорасозаш,
Бурданд ба сӯи хона бозаш.
Ишқе, ки на ишқи ҷовидонист,
Бозичаи шаҳвати ҷавонист.