Умрест то ба роҳи ғамат рӯ ниҳодаем,
Рӯву риёи халқ ба як сӯ ниҳодаем
Тоқу равоқи мадрасаву қолу қили илм,
Дар роҳи ҷому соқии маҳрӯ ниҳодаем.
Ҳам ҷон бад-он ду наргиси ҷоду супурдаем,
Ҳам дил бад-он ду сунбули ҳинду ниҳодаем.
Умре гузашт, то ба умеди ишорате
Чашме бад-он ду гӯшаи абру ниҳодаем.
Мо мулки офият на ба лашкар гирифтаем,
Мо тахти салтанат на ба бозу ниҳодаем.
То сеҳри чашми ёр чӣ бозӣ кунад, ки боз
Бунёд бар карашмаи ҷоду ниҳодаем.
Бе зулфи саркашаш сари савдоӣ аз малол,
Ҳамчун бунафша бар сари зону ниҳодаем.
Дар гӯшаи умед чу наззорагони моҳ
Чашми талаб бар он хами абру ниҳодаем.
Гуфтӣ, ки: - Ҳофизо, дили саргаштаат куҷост?
Дар ҳалқаҳои он хами гесу ниҳодаем.