Сабр кун, эй дил, ки сабр сирати аҳли сафост

Сабр кун, эй дил, ки сабр сирати аҳли сафост,
Чораи ишқ эҳтимол¹, шарти муҳаббат вафост.

Молики радду қабул ҳар чӣ кунад, подшост,
Гар бизанад, ҳоким аст, в-ар бинавозад, равост.

Гарчи бихонад, ҳанӯз дасти ҷазаъ² бар дуост,
В-арчи биронад, ҳанӯз рӯи умед аз қафост.

Барқи ямонӣ биҷаст, боди баҳорӣ бихост,
Тоқати Маҷнун бирафт, хаймаи Лайлӣ куҷост?

Ғафлат аз айёми ишқ пеши муҳаққиқ хатост,
Аввали субҳ аст, хез, к-охири дунё фаност.

Суҳбати ёри азиз ҳосили даври бақост,
Якдама дидори дӯст ҳарду ҷаҳонаш баҳост.

Дарди дили дӯстон гар ту писандӣ, равост,
Ҳар чӣ муроди шумост, ғояти мақсуди мост.

Банда чӣ даъво кунад? Ҳукм Худовандрост,
Гар ту қадам мениҳӣ, то биниҳам чашми рост.

Аз дари хешам марон, к-ин на тариқи вафост,
Дар ҳама шаҳре ғариб, дар ҳама мулке гадост.

Бо ҳама ҷурмам умед, бо ҳама хавфам раҷост,
Гар дирами мо мис аст, лутфи шумо кимиёст.

Саъдӣ, агар ошиқӣ, майли висолат чарост?
Ҳар кӣ дили дӯст ҷуст, маслиҳати худ нахост.


¹ Таҳаммул, бурдборӣ.
² Бесабрӣ, ношикебоӣ.