Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Хостгории Ибни Салом аз Лайлӣ

Хостгории Ибни Салом аз Лайлӣ

Аз он сӯ Лайлӣ ҳам ҳолу рӯзи чандон хуше надошт ва дар хона маҳбус шуда буд ва наметавонист зиёд аз он ҷо берун биёяд ва агар фурсате ҳам даст медод, пинҳонӣ ба болои бом мерафту ва ба ин сӯву он сӯ нигоҳ мекард, то магар Маҷнунро бубинаду бо ӯ сухане бигӯяд. Он вақтҳое ҳам, ки дар хона буд, аз тарси бадхоҳон, нимашабҳо ва дар хафо (пинҳонӣ), ором-ором мегирист ва дар оташи ҷудоӣ аз ёр месӯхт ва ҳамеша мунтазир буд, ки касе пайғоме ё шеъре аз Маҷнун барояш биёварад ва ӯ ҳам посухе барои дилдораш бифиристад. Ба ин тартиб, ин ду дилдода як солеро бо хаёли ҳамдигар ва пайғомҳою номаҳои гоҳ ба гоҳ гузаронданд, то ин ки фасли баҳор сар расид.

З-ин гуна миёни он ду дилбанд
Мерафт паёмгунае чанд.
Буданд бад-ин тариқ соле,
Қонеъ ба хаёл чун хаёле.

Дар он мавсим, ки ҳамаи гулҳо шукуфта буданд ва табиат зиндагиро аз сар гирифта буд, Лайлӣ ҳамчунон нороҳату ғамгин буд ва мехост дар гӯшае хилват барои худ оҳу нола кунад. Дар наздикии хонаи Лайлӣ нахлистони бисёр зебое буд. Рӯзе аз рӯзҳои баҳор, Лайлӣ ба ҳамроҳи чанд тан аз дӯстонаш ба он ҷо рафт ва ба гаштугузор машғул шуд. Дар ҳамон авқот (вақтҳо) Лайлӣ фурсате пайдо кард ва ба танҳоӣ зери дарахте нишастушурӯъ кард ба нолидан:

К-эй ёри мувофиқи вафодор,
Эй чун ману ҳам ба ман сазовор.
Гирам зи манат фароғи ман нест
Парвои сарою боғи ман нест.
Охир ба забони некномӣ,
Кам з-он ки фиристиям паёме?

Лайлӣ аз ин ки Маҷнун дар ин мавсими дилангез дар канораш ҳузур надошт ғамгин буду мегуфт: «Ҳоло, ки дар канорам нестӣ, оё ман аз он ҳам камтарам, ки дастикам пайғоме барои ман бифиристӣ?»

Ҳанӯз ин суханро ба поён набурда буд, ки ногаҳон раҳгузаре, дар ҳоле ки яке аз ғазалҳоиМаҷнунро мехонд, аз он ҳаволӣ рад шуд (гузашт); ғазали пурсӯзу гудоз, ки Маҷнун дар фироқи Лайлӣ суруда ва дар он гуфта буд: «Эй, ки ишқи ту боиси берун уфтодани рози дили ман шуда ва ман салоҳи кори худро аз даст додаам! Бидон, ки Маҷнун дар миёни хун нишаста ва доим дар ҳоли навҳа хондану зорӣ кардан аст ва ғаму дард тамоми вуҷудашро фаро гирифта ва дилаш аз ин ҷудоию фироқ беқарору ноором аст».

Лайлӣ бо шунидани ин ғазал ба гиря уфтод, дар ҳоле ки яке аз дӯстонаш ӯро пинҳонӣ зери назар дошт ва ин саҳнаро медид. Вақте ки ӯ ва ёрон ба хона баргаштанд, он дӯсте, ки аз рози Лайлӣ хабардор шуда буд натавонист онро пинҳон нигаҳ дорад ва бо модари Лайлӣ он чиро дида ва шунида буд, бозгуфт ва албатта, нияташ хайр буд ва мехост, ки модари меҳрубонаш барои ӯ чорае биандешад. Ҳол аз як сӯ, модар дар ғами духтар буд ва ҳамеша ба ин фикр мекард, ки чӣ кунад, то духтарашро аз ғаму ғусса наҷот диҳад ва аз сӯи дигар, Лайлӣ ҳам, ки дар хона маҳбус шуда буд, фақат афсӯсу дареғ мехӯрду сабр мекард ва бо дили танг рӯзгорро сипарӣ мекард.

Аммо боз ҳам бишнавед аз он рӯз, ки Лайлӣ ба ҳамроҳи дӯстон, бо зинату ороиши фаровон, ба гаштугузор дар боғу бӯстон рафта буд. Дар роҳи расидан ба он нахлистон, ҷавоне аз қабилаи Банӣ Асад Лайлиро иттифоқан дида буд. Он шахс номаш Ибни Салом ва ҷавоне буд ҳунарманд, ки дар чашми дигарон мақому манзалат ва пойгоҳи воло дошт ва ҳамагон мутеъ ва фармонбардораш буданд ва ба ӯ эҳтиром мегузоштанд.

Аз дидани он чароғи тобон
Дар чора чу бодшудшитобон.
Ва огаҳ на, ки гарчи ганҷ бозад,
Бо бод чароғ дарнасозад.
Чун сӯи ватангаҳ омад аз роҳ
Будаш тамаъи висоли он моҳ.
Чора талабиду кас фиристод,
Дар ҷустани ақди он паризод.
То Лайлиро ба хосторӣ,
Дар мавкиби худ кашад аморӣ.

Ибни Салом бо дидани Лайлӣ меҳри ӯро ба дил гирифту огоҳ набуд, ки ҳарчи қадар ҳам молу манол харҷ кунад, боз ҳам наметавонад он чиро мехоҳад ба даст биовард; чаро ки аз қадим гуфтаанд, ки «чароғ наметавонад ҳарифи бод шавад». Ибни Салом пас аз бозгашт ба қабила ва манзилгоҳи худ ба фикри ин уфтод, ки касеро миёнҷӣ кунад, то Лайлиро барои ӯ хостгорӣ кунад. Фиристодаи Ибни Салом низ ба назди падару модари Лайлӣ рафт ва моҷароро боз гуфт, аммо волидайни Лайлӣ ба ӯ:

Гуфтанд, сухан ба ҷойи хеш аст,
Лекин қадаре диранг пеш аст.
К-ин тоза баҳори бӯстонӣ
Дорад аразе зи нотавонӣ.
Чун мо зи биҳеш боз хандем,
Шукрона диҳему ақд бандем.

«Қавлу қарори мо ба ҷойи худ, аммо бояд андаке сабр кунӣ, зеро духтари мо андаке нотавонӣ ва беморӣ дорад ва ҳар гоҳ, ки ӯ саломати худро ба даст овард, мо низшукрона медиҳем ва пас аз он ӯро ба ақди Ибни Салом дар меоварем».