Гуфтам, ба ақл пой барорам зи банди ӯ

Гуфтам, ба ақл пой барорам зи банди ӯ,
Рӯи халос нест ба ҷаҳд аз каманди ӯ.

Муставҷиби маломатӣ, эй дил, ки чанд бор
Ақлат бигуфту гӯш накардӣ ба панди ӯ.

Он бӯстони меваи ширин, ки дасти ҷаҳд
Душвор мерасад ба дарахти баланди ӯ.

Гуфтам, инони маркаби тозӣ бигирамаш,
Лекин вусул нест ба гарди саманди ӯ.

Сар дар ҷаҳон ниҳодаме аз дасти ӯ, валек
Аз шаҳри ӯ чӣ гуна равад шаҳрбанди ӯ?

Чашмам бидӯхт аз ҳама олам ба иттифоқ,
То ҷуз дар ӯ назар накунад мустаманди ӯ.

Гар худ ба ҷои мирваҳа¹ шамшер мезанад,
Мискин магас куҷо равад аз пеши қанди ӯ?

Навмед нестам, ки ҳам ӯ марҳаме ниҳад,
В-арна, ба ҳеч беҳ нашавад дардманди ӯ.

Ӯ худ магар ба лутф худовандие кунад,
В-арна, зи мо чӣ бандагӣ ояд писанди ӯ?

Саъдӣ, чу сабр аз ӯт муяссар намешавад,
Авлотар он, ки сабр кунӣ бар газанди ӯ.


¹ Бодбизан.