GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 382. Фотиҳае, чу омадӣ бар сари хастае бихон

Фотиҳае, чу омадӣ бар сари хастае бихон,
Лаб бикушо, ки медиҳад лаъли лабат ба мурда ҷон.

Он, ки ба пурсиш омаду фотиҳа хонда меравад,
Гӯ, нафасе, ки рӯҳро мекунам аз паяш равон.

Эй, ки табиби хастаӣ, рӯйи забони ман бибин,
К-ин даму дуди синаам бори дил аст бар забон.

Гарчи шаб устухони ман, кард зи меҳр гарму рафт,
Ҳамчу табам намеравад оташи меҳр аз устухон.

Ҳоли дилам зи холи ту ҳаст дар оташаш ватан,
Чашмам аз он ду чашми ту хаста шудасту нотавон.

Бознишон ҳароратам з-оби ду дидаву бибин,
Набзи маро, ки медиҳад ҳеҷ зи зиндагӣ нишон?

Он, ки мудом шишаам аз майи айш додааст,
Шишаам аз чӣ мебарад пеши табиб ҳар замон?

Ҳофиз, аз оби зиндагӣ шеъри ту дод шарбатам,
Тарки табиб кун, биё, нусхаи шарбатам бихон.

Ҳофизи Шерозӣ 383. Чандон, ки гуфтам ғам бо табибон
Ҳофизи Шерозӣ 384. Месӯзам аз фироқат, рӯ аз ҷафо бигардон
Ҳофизи Шерозӣ 385. Ё Раб, он оҳуи мушкин ба Хутан бозрасон
Ҳофизи Шерозӣ 386. Худоро, кам нишин бо хирқапӯшон
Ҳофизи Шерозӣ 387. Шоҳи шамшодқадон, хусрави шириндаҳанон
Ҳофизи Шерозӣ 388. Баҳору гул тарабангез гашту тавбашикан
Ҳофизи Шерозӣ 389. Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома бар тан
Ҳофизи Шерозӣ 390. Афсари султони гул пайдо шуд аз тарфи чаман
Ҳофизи Шерозӣ 391. Хуштар аз фикри маю ҷом чӣ хоҳад будан?
Ҳофизи Шерозӣ 392. Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР