Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Ошноии Навфал бо Маҷнун ва ҷанг бо қабилаи Лайлӣ

Ошноии Навфал бо Маҷнун ва ҷанг бо қабилаи Лайлӣ

Алқисса, Лайлӣ, ки дар хона маҳбус шуда буд ва коре ҷуз гиряву зорӣ надошт ва ҳама ҷо низ сухан аз ӯ ва ишқу ошиқияш бо Маҷнун буд, тобу қарори худро аз даст дода буд ва Маҷнун низ ҳамин тур, бе ёру ёвар ва танҳо дар биёбонҳо мегашт ва бо ҳайвонот дамхур шуда буд. Дар яке аз қабилаҳои он марзу бум шахсе зиндагӣ мекард ба номи Навфал, ки бо вуҷуди меҳрубонӣ ва нармхӯӣ, дар шуҷоату ҷанговарӣ забонзади ҳамагон буд ва тамоми мардуми минтақаи атрофи қабилаи ӯ фармонбурдору мутеъаш буданд.

Рӯзе аз рӯзҳо Навфал барои шикор кардан гузораш ба биёбонҳои атрофи қабилаи Маҷнун уфтод ва дар кӯҳу камар ва харобаҳои он ҳаволӣ дар пайи ёфтани чизе барои шикор буд, ки ҷавонеро дид, ки бо поҳои обилазада, ранҷуру дардманд дар гӯшае таку танҳо уфтода буд ва овозе (таронае) аз сари шӯру ошиқӣ мехонд.

Пурсид зи хӯю аз хисолаш,
Гуфтанд, чунонки буд ҳолаш,
К-аз меҳри зане бад-ин ҳазинӣ,
Девона шуд инчунин, ки бинӣ.

Навфал аз ҳамроҳон дар бораи он ҷавон пурсид ва онҳо низ посух доданд: «Ин ки мебинӣ аз ишқи як зан ба ин ҳолу рӯз уфтода ва девона шудааст. Рӯзу шаб саргардон аст ва мечархаду овоз мехонад. Гаҳ-гоҳе мусофирону касоне, ки аз шаҳрҳои дигар меоянд ва аз ин ҷо мегузаранд обе ва ғизое ба ӯ медиҳанд ва ӯ ҳам шояд луқмае ё ҷуръае аз онро, он ҳам ба ёди маъшуқаш, бихӯраду бинӯшад».

Навфал чушунид ҳоли Маҷнун,
Гуфто, ки зи мардумист акнун,
К-ин дилшударо чунонки донам,
Кӯшам, ки ба коми дил расонам.

Навфал бо шунидани саргузашти Маҷнун гуфт: «Акнун вақти он аст, ки расми мардумиро ба ҷо оварам ва ин ошиқи хастадилро ба орзуяш бирасонам».

Пас аз асб поин омад ва дасте ба сару гӯши Маҷнун кашид ва дар канори худ бар сари суфра (дастархон) нишонд ва аз ҳар даре сухане гуфт, то итминони ӯро ҷалб кунад, аммо Маҷнун ҳеч сухане ҷуз ёду номи Лайлӣ бар забон намеовард.

Навфал бо худ фикр кард, ки бояд монанди худаш бошам, пас ӯ низ шурӯъ кард ба хондани абёти ошиқона ва пурсӯзу гудоз, то ин ки Маҷнун низ бо ӯ ҳамовоз шуд ва бар суфрааш нишаст.

Пас аз он Навфал ба Маҷнун гуфт: «Мабодо аз дуриву фироқи ёру ҳамдамат дардманду ранҷур бошӣ! Чаро, ки ман чи бо зӯр ва чи бо зар, туро ба ӯ хоҳам расонд ва ҳатто, агар паранда шаваду ба осмонҳо биравад ва ё оташ бишаваду дар дили санг пинҳон гардад, то вақте ки ёру ҳамсари ту нашудааст, ман даст аз сари ӯ барнахоҳам дошт».

Маҷнун, ки ҳоло андаке умедворшуда буд аз Навфал сипосгузорӣ кард ва ба ӯ гуфт: «Бо ин ки суханони ту рӯҳу ҷони маро тоза ва муаттар кард, бояд бигӯям, ки модари Лайлӣ духтарашро ба девонае мисли ман намедиҳад. Хелеҳо мехостанд ба ман ёрӣ бирасонанд, аммо натавонистанд ва ман метарсам, ки ту ҳам дар нимароҳ маро танҳо бигузорӣ ва даст аз ин кор бикашӣ, аммо, агар ба ин ваъдаҳо, ки ба ман додӣ амал кунӣ, ман ҳам музди ин кори туро хоҳам дод ва агар фикр мекунӣ, ки наметавонӣ ба аҳдат вафо кунӣ ва тамоми ин ҳарфҳо беҳудааст, беҳтар аст, ки ҳамин алон (ҳоло) маро танҳо бигузориву биравӣ».

Навфал зи нафири зории ӯ,
Шуд тезинон ба ёрии ӯ.
Мисоқ намуду хӯрд савганд,
Аввал ба худоии Худованд
В-он гаҳ ба рисолати расулаш,
К-имондиҳи ақлшуд қабулаш,
К-аз роҳи вафо ба ганҷу шамшер,
Кӯшам на чу гург, балки чун шер.

Навфал бо шунидани суханони Маҷнун дар кумак кардан ба ӯ мусаммамтар шуд ва ба Худову пайғамбар савганд хӯрд, ки ҳар тавр шуда, дар роҳи вафо ба қавлу қарораш мисли шер бозистад ва бикӯшад ва то ба он нарасидааст, аз талош даст барнадорад. Аммо Навфал шартеро ҳам барои Маҷнун таъйин кард ва он ин буд, ки Маҷнун мебоист даст аз девонабозӣ бардорад ва муддате сабр кунаду ором бошад. Маҷнун низ бо шунидани он ҳарфҳо ва ваъдаҳою савгандҳо оромтар шуду сабр пеша кард ва бо Навфал ба манзилгоҳи ӯ рафт ва барои ин ки сару вазъашро тағйир бидиҳад, ба ҳаммом рафту либоси нав пӯшид ва ба расми аъроб аммомае баст.

Чанд вақте аз ин моҷаро гузашт ва кам-кам рангу рӯйи Маҷнун иваз шуд ва аз он ҳолати зардӣ ва низорӣ даромад ва қадди хамидааш ҳам рост шуд. Чанд моҳе, ки ба ҳамин минвол гузашт, рӯзе аз рӯзҳо Маҷнун забон ба шикоят боз кард, ки: «Эй Навфал! Ту маро фиреб додӣ ва бо ваъдаҳоят маро хом кардӣ. Пас чаро ба қавлу қарорат амал намекунӣ? Косаи сабри ман лабрез шуда ва ақл аз сарам паридааст. Ҳарчи зудтар ба доди ман бирас, вагарна ман аз даст хоҳам рафт».

Навфал бо шунидани гилаву шикояти Маҷнун дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт ва раги ғайраташ ҷунбид, пас аз ҷойи худ баланду шуд ва дастур дод, ки васоили сафару размро омода кунанд ва худаш низ либоси ҷанг пӯшид ва сад марди ҷанговари сарду гарм чашидаи чобуксаворро интихоб кард ва ба самти қабилаи Лайлӣ ба роҳ уфтод.

Чун бар дари он қабила зад гом,
Қосид талабиду дод пайғом,
К-инак ману лашкаре чу оташ
Ҳозир шудаем тунду саркаш,
Лайлӣ ба ман оваред ҳолӣ,
В-арна ману теғи лоуболӣ!

Вақте ки Навфал ба он ҷо расид, қосидеро ба сӯи хонаводаи Лайлӣ фиристоду пайғом дод: «Ман бо лашкари мисли оташ сӯзону саркаш ба ин ҷо омадаам. Ҳарчи зудтар Лайлиро ба ман таҳвил бидиҳед, то ӯро ба он кас, ки сазовори ӯст бирасонам, вагарна шумо медонеду ману шамшери ман».

Афроди қабилаи Лайлӣ низ бо шунидани ин пайғоми таҳдидомез посух доданд: «Ин роҳи чора нест! Ҳеч кас наметавонад ба Лайлӣ даст пайдо кунад ва на, ки кори ту, балки кори ҳеч каси дигаре ҳам нест ва бидон, ки агар ту барои мо шамшер бикашӣ, мо ҳам барои тушамшер хоҳем кашид».

Қосиди Навфал он чиро афроди қабилаи Лайлӣ гуфта буданд ба ӯ гуфт ва Навфал ҳам дубора паёми таҳдидомезтар барояшон фиристод ва ин бор низ посухе носазовортар шунид ва ба ҳамин ҷиҳат оташи хашми ӯ тезтар шуд.

Он хашм дар ӯ чунон асар кард
К-оташ зи дилаш забон бадар кард.
Бо лашкари худ кашидшамшер,
Уфтод дар он қабила чуншер.

Навфал чунон аз он посухҳо хашмгин шуд, ки дар дилаш оташе шуълавар гашт, пас ба ҳамроҳи ёронаш шамшер баркашид ва ба он қабила ҳамла кард. Аз сӯи дигар, афроди қабилаи Лайлӣ низ дар канори ҳам, ба муқобала бо онон пардохтанд ва ҷанг миёни ду тараф шиддат ёфт ва дар ин миён, Маҷнун дар гӯшае ноором истода буд ва дуо мекард, ки ин ҷанг хотима ёбаду сулҳ барқарор шавад. Ӯ он қадар беқарор буд, ки барои поён додани ин ғоила ҳатто ҳозир буд Навфалро, ки ба пуштибонии ӯ чунин маъракаеро ба роҳ андохта буд, бикушад ва ба ин моҷаро поён диҳад. Дар ҳақиқат Маҷнун бар сари дуроҳӣ монда буд ва аз як сӯ, дар миёни сипоҳи Навфал ҷӯшу хурӯше дошт ва аз дигар сӯ, барои пирӯзии афроди қабилаи Лайлӣ талош мекард ва аз кушта шудани онон ғамгин мешуд. То ин ки яке аз лашкариёни Навфал ба ӯ гуфт: «Эй ҷавонмард! Мо ба хотири ту ҷони худро бар кафи даст гирифтаем ва ба ҷанг омадаем, ту чаро душманонро ёрӣ мекунӣ?»

Маҷнун дар посух гуфт: «Вақте ки душмани ман ёри ман аст, аз ман чӣ коре сохтааст ва чӣ гуна метавон бо ӯ набард кард? Дар майдонҳои ҷанг бӯи хун меояд, аммо ман дар ин ҷо бӯи ёри худро мешунавам. Ошиқ, агар ошиқи ростин бошад, бояд ҷони худро дар роҳи маъшуқ бидиҳад ва ман, ки ҳозирам ҷони худро дар роҳи Лайлӣ бидиҳам, чӣ гуна дил барои шумо ва ҷонсупориҳоятон бисӯзонам?»

Дар ҳамон ҳол Навфал дар гирогири набард буд ва бо ҳар зарбаишамшери ӯ чанд тан ба замин меуфтоданд. Ин вазъият то ҳангомишаб идома ёфт ва чун ҳаво торик шуд, ҳар ду тараф даст аз ҷанг кашиданд ва ба истироҳат пардохтанд. Субҳи рӯзи баъд, ки сипоҳиёни Навфал барои идомаи набард омода мешуданд, дарёфтанд, ки қабилаи Лайлӣ азшаби гузашта то субҳ ба ҷамъ кардани сипоҳ ва таҷҳизот машғул буда ва акнун аз онон қавитар шудаанд. Навфал бо дидани ин шароиту вазъияти сипоҳи худ, чорае ҷуз пешниҳоди сулҳ надид. Пас миёнҷиеро ба сӯи наҷдиён фиристод, то пайғоми ӯро ба онон бирасонад ва бигӯяд, ки ман қасди ҷанг надорам ва фақат мехоҳам духтаре парирӯро ба писари ошиқу вола бирасонам ва барои ин кор ҳар чӣ бихоҳед, ба шумо мебахшам. Ҳол агар шумо намехоҳед, чунин кунед, лоақал дигар ҷанг ба роҳ наяндозед ва даст ба шамшер набаред. Пас аз он ду тарафи даъво бо шунидани суханони якдигар аз кинаварзӣ ва душманӣ даст кашиданд ва сулҳ миёни онон барқарор шуд.

Аммо бишнавед аз Маҷнун, ки вақте хабари ин моҷароро шунид, ба сӯи Навфал шитофт ва ба шамотати ӯ пардохт, ки:

Аҳсант! Зиҳӣ умедворӣ
Беҳ з-ин набувад тамомкорӣ.
Ин буд баландии кулоҳат?
Шамшер кашидани сипоҳат?
Ҷавлон задани самандат ин буд?
Андохтани камандат ин буд?
Аз ёрии ту буридам аз ёр,
Бурдӣ раҳи кори ман, зиҳӣ кор!

Маҷнун аз Навфал гиламанд буд ва ба ӯ гуфт: «Ман ба хотири ту аз ёрам ҷудо шудам ва акнун миёни қабилаи ӯ ва ман душманию кина ба ҳадди ниҳоят расидааст. Агарчи ту ба караму бахшиш маъруфӣ, аммо дар вафо ба аҳд дар ҳаққи ман кӯтоҳӣ кардӣ. Ҳоло ҳам танҳо умеди рӯшноибахшӣ ба дили торики ман туӣ ва он кас, ки метавонад бар ҷисми озарда ва захми ман марҳам биниҳад, ту ҳастӣ».

Навфал, ки дар баробари суханон ва гилаҳои Маҷнун чизе надошт, ки аз худ дифоъ кунад, ба ӯ гуфт: «Ман аз рӯйи ночорӣ ва камии сипоҳиёнам маҷбур шудам ононро бо ваъдаи сулҳ фиреб бидиҳам, аммо, вақте ки ба қабилаи худ расидам аз дигар қабилаҳо ва дӯстону ҳампаймононам кӯмак хоҳам хост ва то замоне, ки туро ба хостаат нарасонам аз пой нахоҳам нишаст».

Навфал пас аз ин суханон касонеро барои ҷамъ кардани неру ва тартиб додани сипоҳи бузург ба атрофу акноф фиристод, то лашкари азим дуруст кард ва дубора ба ҳамон майдони ҷанг бозгашт.