Ҳофизи Шерозӣ

386. Худоро, кам нишин бо хирқапӯшон

Худоро, кам нишин бо хирқапӯшон,
Рух аз риндони бесомон мапӯшон!

Дар ин хирқа басе олудагӣ ҳаст,
Хушо вақти қабои майфурӯшон!

Дар ин сӯфивашон дурде надидам,
Ки софӣ бод айши дурднӯшон!

Ту нозуктабъиву тоқат наёрӣ
Гарониҳои мушти далқпӯшон.

Чу мастам кардаӣ, мастур маншин,
Чу нӯшам додаӣ, заҳрам манӯшон!

Биёву зарқи ин солусиён бин,
Суроҳӣ хундилу барбат хурӯшон.

Зи дилгармии Ҳофиз барҳазар бош,
Ки дорад синае чун деги ҷӯшон.