Ту бо ин лутфи табъу дилрабоӣ

Ту бо ин лутфи табъу дилрабоӣ
Чунин сангиндилу саркаш чароӣ?

Ба як бор аз ҷаҳон дил дар ту бастам,
Надонистам, ки паймонам напоӣ.

Шаби торики ҳиҷронам бифарсуд,
Яке аз дар дарой, эй рӯшноӣ!

Саре дорам муҳайё бар кафи даст,
Ки дар поят фишонам, чун дароӣ.

Хатои маҳз бошад бо ту гуфтан
Ҳадиси ҳусни хубони хитоӣ.

Нигоре сахт маҳбубию матбӯъ,
Валекин сустмеҳру бевафоӣ.

Дило, гар ошиқӣ, доим бар он бош,
Ки сахтӣ бинию ҷавр озмоӣ.

В-агар тоқат надорӣ ҷаври махдум,
Бирав, Саъдӣ, ки хидматро нашоӣ.