Ҳофизи Шерозӣ

392. Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан.

Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан.

Хоҳам шудан ба бӯстон, чун ғунча бо дили танг
В-он ҷо ба некномӣ пироҳане даридан,

Гаҳ чун насим бо гул рози нуҳуфта гуфтан,
Гаҳ сирри ишқбозӣ, аз булбулон шунидан,

Бӯсидани лаби ёр аввал зи даст магзор,
К-охир малул гардӣ, аз дасту лаб газидан.

Фурсат шумор сӯҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил
Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан.

Гӯйӣ бирафт Ҳофиз аз ёди шоҳ Яҳё,
Ё Раб, ба ёдаш овар дарвеш парваридан!