Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 4

Тоифаи дуздони араб бар сари кӯҳе нишаста буданд ва манфази корвон баста ва раияти булдон аз макоиди эшон маръуб ва лашкари султон мағлуб, ба ҳукми он ки малозии манеъ аз қуллаи кӯҳе ба даст оварда буданд ва малҷаъу маъвои худ карда.

Мудаббирони мамолики он тараф дар дафъи музаррати эшон машварат карданд, ки агар ин тоифи ҳам бар ин насақ рӯзгоре мудовимат намоянд, муқовимат бо эшон мумтанеъ гардад:

Дарахте, ки акнун гирифтаст пой,
Ба неруи мардӣ барояд зи ҷой.
В-араш ҳамчунон рӯзгоре ҳилӣ,
Ба гардунаш аз бех барнагсилӣ.
Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

Сухан бар он муқаррар шуд, ки якеро ба таҷассуси эшон баргумоштанд ва фурсат нигаҳ доштанд, то вақте ки дар сари қавме ронда буданду букъа холӣ монда, тане чанд аз мардони воқиадидаи ҷангозмуда бифиристоданд, то дар шаъби ҷабил пинҳон шуданд.

Шабонгоҳ ки дуздон бозомаданд сафаркардаву ғоратоварда, силоҳ бикушоданд ва ғанимат биниҳоданд. Нахустин душмане, ки дар сари эшон тохт, хоб буд, чандон ки посе аз шаб гузашт.

Қурси хуршед дар сиёҳӣ шуд,
Юнус андар даҳони моҳӣ шуд.

Мардони диловар аз камингоҳ бадар ҷастанд ва дасти ягон-ягон бар китф бастанд ва бомдодон ба даргоҳи малик ҳозир оварданд. Ҳамаро ба куштан амр фармуд. Дар он миён ҷавоне буд, меваи унфувони шабобаш наврасидава сабзаи гулистони узораш навдамида.

Яке аз вузаро пои тахти маликро бӯса дод ва рӯи шафоат бар замин ниҳоду гуфт:

- Ин ҷавон ҳамчунон аз боғи зиндагонӣ бар нахурдааст ва аз райҳони ҷавонӣ таматтуъ наёфта, таваққуъ ба карам ва ахлоқи худовандӣ чунон аст, ки ба бахшидани хуни ӯ бар банда минат диҳад.

Малик рӯй аз ин сухан дарҳам кашид ва мувофиқи раъйи баландаш наёмад ва гуфт:

Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бад аст,
Тарбият ноаҳлро чун гирдакон бар гунбад аст.

Насли фасоди инон мунқатеъ кардан авлотар аст ва бехи табори эшон баровардан, ки оташ нишондану ахтар гузоштан ва афъӣ куштану бачча нигоҳ доштан кори хирадмандон нест.

Абр агар оби зиндагӣ борад,
Ҳаргиз аз шохи бед бар нахурӣ.
Бо фурӯмоя рӯзгор мабар,
К-аз бӯрё шакар нахурӣ.

Вазир чун ин сухан бишунид, тавъан ва карҳан биписандид ва ба ҳусни раъйи малик офарин хонду гуфт:

- Он чӣ худованд фармуд, айни ҳақиқат аст, ки агар дар силки суҳбати он бадон мунтазам мондӣ, табиати эшон гирифтӣ, аммо банда умедвор аст, ки ба ишрати солиҳон тарбият пазирад ва хӯи хирадмандон гирад, ки ҳанӯз тифл аст ва сирати бағю иноди он гурӯҳ дар ниҳоди ӯ мутаммакин нашуда ва дар ҳадис аст: «Куллу мавлудин йулиду ала-л-фитрати сумма абавоҳу йуҳаввидонаҳу ва йунассиронаҳу ва йумаҷҷисонаҳу» (Тарҷумааш: Ҳар мавлуде бо сиришти пок зода мешавад ва падару модаранд, ки ӯро яҳудӣ кунанд, масеҳӣ гардонанд ва ё оташпараст созанд).

Бо бадон ёр гашт ҳамсари Лут,
Хонадони нубувваташ гум шуд.
Саги асҳоби Каҳф рӯзе чанд
Пайи некон гирифту мардум шуд.

Ин бигуфт ва тоифае аз нудамои малик бо вай ба шафоат ёр шуданд, то малик аз сари хуни ӯ даргузашту гуфт: - Бахшидам, агарчи маслиҳат надидам.

Донӣ, ки чӣ гуфт Зол бо Рустами гурд:
Душман натавон ҳақиру бечора шумурд,
Дидем басе, ки оби сарчашмаи хурд
Чун бештар омад, шутуру бор бибурд.

Филҷумла, писарро бо нозу неъмат баровардан гирифт ва устоди адибро ба тарбияти ӯ насб кард, то занни хато равад ва хӯи некӯяш биёмӯхт ва соири одоби хидмати мулкаш таълим кард, чунон ки дар назари бузургон писанд ояд. Боре вазир аз шамоили ӯ дар ҳазрати малик шаммае мегуфт, ки тарбияти оқилон дар ӯ асар кардааст ва ҷаҳли қадим аз ҷибиллати ӯ бадар бурда.

Маликро аз ин сухан табассум омад ва гуфт:

Оқибат гургзода гург шавад,
Гарчи бо одамӣ бузург шавад.

Соле ду бар ин баромад. Тоифаи авбоши маҳаллат дар ӯ пайвастанд ва аҳди мувофиқат бастанд, то ба вақти фурсат вазир ва ҳар ду писарашро бикушт ва неъмате беқиёс бардошт ва дар мағораи дуздон ба ҷои падар биншаст ва осӣ шуд. Малик дасти таҳайюр ба дандон газидан гирифт ва гуфт:

Шамшери нек аз оҳани бад чун кунад касе?
Нокас ба тарбият нашавад, эй ҳаким, кас.
Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,
Аз боғ лола рӯяду аз шӯрабум хас.

***

Замини шӯра сунбул барнаёрад,
Дар ӯ тухму амал зоеъ магардон.
Накуӣ бо бадон кардан чунон аст,
Ки бад кардан ба ҷои некмардон.