Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Ҷанги дувуми Навфал бо қабилаи Лайлӣ

Ҷанги дувуми Навфал бо қабилаи Лайлӣ

Наҷдиён, вақте ки хурӯши сипоҳиёни Навфалро диданд, басуръат омодаи ҷанг шуданд ва саф кашиданд. Амири қабилаи Лайлӣ низ бо сипоҳе ба болои баландие рафт ва аз он ҷо нигоҳе ба лашкари душман андохт ва дид, ки лашкари анбӯҳ, ки ҳатто қалби шахси мурда ҳам аз тарси он аз сина берун мезад, гирдогирди қабилаи ӯ ҷамъ шудааст ва ӯ, ки раиси қабила буд, бар сари дуроҳӣ монда буд, ки чӣ кунад! На метавонист неруе, ки тавони муқобала бо он сипоҳро дошта бошад, омода кунад ва на рӯйи онро дошт, ки аз ҷанг мунсариф шавад (рӯй тобад), аммо дар ниҳоят тасмим гирифт, ки бо он лашкари азим вориди ҷанг шавад.

Қалби ду сипаҳ ба ҳам баруфтод
Ҳар теғ, ки рафт бар сар уфтод.
Дил монда шуд аз ҷигар даридан,
Шамшер хиҷил зи сар буридан.
Шамшери кашидаи Навфали гурд,
Мекард ба ҳамла кӯҳро хурд.

Алқисса, набарди саҳмгин ва ҳавлнок байни ду лашкар оғоз шуд ва Маҷнун низ дар ин миёна ҳамчунон дар фикри ҷонсупорӣ дар роҳи Лайлӣ буд. Дар поёни рӯз ин лашкари Навфал буд, ки пирӯзи майдон шуд ва дар ин ҳангом ришсафедону бузургони қабилаи Наҷд ба назди Навфал омаданд ва бо нолаву зории фаровон аз ӯ хостанд, ки даст аз куштори наҷдиён бардорад. Навфал, ки ҳолати зори ононро дид, аз онон даргузашт ва гуфт: «Ҳарчи зудтар Лайлиро ба ин ҷо биёваред, то аз хуни шумо бигзарам».

Дар ин вақт падари Лайлӣ пеш омад ва бо андӯҳи фаровон пешонии худро бар замин ниҳод ва гуфт: «Эй Навфал, ту дар миёни аъроб он қадар бузургворӣ, ки шоистаи фармонравоӣ бар ҳамагон ва боистаи тоҷ бар сар ниҳоданӣ! Ман пирамарди хаста ва дилшикастаам, ки гирифтори бахти бад шудаам ва ин хунҳоеро, ки рехта шуда, ҳама аз иқболи бади худ медонам ва ин қадар аз ин вазъият шармсорам, ки дилам мехоҳад аз хиҷолат об шавам. Аммо агар ту духтари маро ба ман бубахшӣ, ман бисёр сипосгузори ту хоҳам буд ва сар ба фармони ту хоҳам ниҳод. Агар ту фармон бидиҳӣ, ман ҳозирам, ки духтарамро дар оташ бияндозам ва бисӯзонам ва ё дар чоҳ бияндозам ва ё бо шамшер бикушам, аммо намехоҳам ӯро ба девонае бисупорам. Ин Маҷнуни ноҷавонмард охиру оқибати хуше надорад ва бекору саргардон аст ва ба зиндагӣ дар кӯҳу биёбон одат карда. Дар тамоми сарзамини аъроб касе нест, ки номи духтари маро нашунида бошад ва ҳамаи инҳо тақсири (гуноҳи) Маҷнун аст, ки Лайлиро бар сари забонҳо андохт ва ҳоло ҳамагон духтари маро сарзаниш мекунанд. Ман агар Лайлиро ба ӯ бисупорам, то абад нанги ин амал бо ман хоҳад монд. Пас аз ман нахоҳ, ки барои худ бадномӣ бихарам. Ту агар мехоҳӣ доди маро бидиҳӣ, маро озод кун ва бигузор биравам, вагарна ба Худованд савганд мехӯрам, ки бозмегардаму сари духтари худро мебурам, то аз нанги он чӣ ту аз ман мехоҳӣ, озод шавам».

Чун ӯ варақе чунин фурӯ хонд,
Навфал ба ҷавоби ӯ фурӯ монд.
З-он чиразабони раҳматангез
Бахшоиш карду гуфт, бархез.
Мо, гарчи саромади сипоҳем,
Духтар ба дили хуш аз ту хоҳем.
Чун менадиҳӣ, дили ту донад,
Аз ту ба ситам кӣ меситонад?

Вақте ки Навфал суханони падари Лайлиро шунид, дар посух додан ба ӯ нотавон шуд, пас ӯро бахшиду гуфт: «Агарчи ман фармондеҳу саромади ин сипоҳам, аммо духтари туро ҳам бо ризоят ва хушдилӣ мехоҳам ва тасмим надорам, ки ин тур базӯр ӯро аз ту бигирам. Акнун ман ҳам ба девонагӣ ва нопокии Маҷнун огоҳ шудаам ва медонам, ки ҳар чӣ ба ӯ бидиҳӣ, ба далели ин ки одами бесуботе аст, онро нигаҳ нахоҳад дошт. Ҳамон гуна, ки вақте мо барои ӯ меҷангидем, ӯ рӯ ба сӯи душманони мо оварда буд ва барои пирӯзии онон такбир мегуфт. Инҳо рафторҳои инсонҳои ҳушманд нест. Ба ақидаи ман, ин васлат ҳатто агар сар ҳам бигирад, натиҷае ҷуз ғаму андӯҳ нахоҳад дошт. Салоҳ нест, ки ту дар пеши дигарон хиҷолатзада бошӣ ва беҳтар аст мо ҳам, ки обрӯе дорем, даст аз ин кор бикашем».

Пас аз ин суханон Навфал тасмим гирифт, ки бо лашкариёни худ бозгардад ва Маҷнуни дилшикаста низ озардаву дилхаста, бо худ меандешид, ки имрӯз ҳам, ки мешуд ба хостаам бирасам, ангор бахти ман, ки ҳамеша дар хоб буд, мурдааст. Пас нолону гирён ба назди Навфал рафт ва гуфт: «Эй Навфал! Ту дар дӯстӣ бо ман исрор мекардӣ, аммо ба аҳд вафо нанамудӣ ва дар чунин рӯзе маро ноумед кардӣ. Ту мани ташналабро лаби рӯди Фурот бурдӣ ва як қатра об ба ман надодӣ ва дар иваз маро ба дӯзах андохтӣ».

Ин гуфту инон аз ӯ бигардонд,
Якасба шуду дуасба меронд.
Чандон, ки намуда шуд муроот,
К-инро беҳ аз ин бувад мукофот.
Тартиб кунам аз ин диёрат
Ҷуфти ҳунарию созгорат.
То корат аз ӯ ба соз гардад,
Давлат ба дари ту бозгардад.
З-ин гуна басе умед доданд,
Банд аз дили ӯ намегушоданд.
Гум кард пай аз миёни эшон
Мерафт чу абр дилпарешон.

Маҷнун инро гуфт ва басуръат аз он ҷо дур шуд. Навфал низ ҳарчи ӯро дилдорӣ дод, ки ман ба ту подоши беҳтар аз Лайлӣ хоҳам дод ва барои ту ҳамсари ҳунарманд аз қабилаи худ пайдо хоҳам кард, ки кору зиндагии туро сару сомон диҳад ва иқболу бузургӣ ба ту рӯй биоварад, фоидае накард, ки накард ва Маҷнун монанди абре, ки меборад, гирёну зорикунон аз он ҷо рафт.

Пас аз ин ки Навфал ба қабилаи худ расид, дар ҷамъи бузургони ҳамқабила нишаст ва дастур дод, ки Маҷнунро пайдо кунанд, то ба ҳар тартибе, ки шуда аз ӯ дилҷӯӣ кунад, аммо ҳарчи ба думболаш гаштанд, ӯро наёфтанд. Ангор, ки Маҷнун аз сафҳаи рӯзгор маҳв шуда буд.

Вақте ки Маҷнун аз Навфал ва қабилааш ҷудо шуд ва сар ба биёбон гузошт, ҳамон тавр, ки басуръат метохт ва дар бевафоӣ ва бадаҳдии Навфал шеър мехонду ашк мерехт ва аз бахти бади худ шикоят мекард, чашмаш ба чанд оҳу уфтод, ки дар дом гирифтор буданд ва сайёд низ қасд дошт, ки хуни онҳоро бирезад. Маҷнун бо дидани ин саҳна бар суръати худ афзуд ва барои шафоат кардани он оҳуҳо ба назди сайёд рафту ба ӯ гуфт: «Ман меҳмони ту ҳастам ва бино ба расму русуми гузашта, ҳоло, ки ба ҳангоми шикор ба ту расидаам, ман низ аз он саҳме мебарам ва аз ту мехоҳам, ки инҳоро аз банд озод кунӣ».

Беҷон чӣ кунӣ рамидаеро?
Ҷонест ҳар офаридаеро.
Дил чун диҳадат, ки барситезӣ,
Хуни ду-се бегунаҳ бирезӣ?
Он кас, ки на одамист, гург аст
Оҳукушӣ оҳуе бузург аст.

Маҷнун идома дод: «Ба ин оҳуҳои бегуноҳ нигоҳ кун! Бубин, ки чашмашон шабеҳи чашми ёри ман аст ва чеҳраи онҳо мисли навбаҳор. Пас ба ҳаққи чашми ёр туро қасам медиҳам, ки онҳоро озод кун».

Сайёд, ки аз ин суханони Маҷнун аз тааҷҷуб ангушт ба даҳон монда буд, гуфт: «Агар ман дучори фақр набудам ва ба ин сайд барои ризқу рӯзии худ ва хонаводаам ниёзманд набудам, ҳатман ба ҳарфи ту гӯш мекардам. Аммо ту чӣ тавр меписандӣ, ки ман бо ин ниёзмандӣ ва дасттангӣ шикори худро озод кунам. Агар метавонӣ ва мояашро дорӣ, ҷони ин оҳувонро наҷот бидеҳ».

Маҷнун аз асбе, ки бар он савор буд, пиёда шуд ва онро ба шикорчӣ дод ва ӯ низ он забонбастаҳоро ба Маҷнун бахшид ва асбро бо худ бурд. Ҳоло Маҷнун монда буду он оҳувони кӯчак. Ӯ аз рӯйи меҳру дӯстӣ чашмони сиёҳи онҳоро мебӯсиду мегуфт: «Дуруст аст, ки ин чашм, чашми ёри ман нест, аммо ёдгоре аз онҳост ва маро ба ёди он ду чашми сиёҳ меандозад».

Сипас он оҳувонро аз дом раҳо кард ва худаш ҳам ба дунболи онҳо, фарёдкунон ва зорикунон, ба роҳ уфтод, то ин ки шаб аз роҳ расид ва Маҷнун аз хастагӣ ва дармондагӣ, дар ҳоле ки ҳамчунон гиря мекард ва навҳа мехонд, вориди ғоре шуд, аммо то субҳгоҳон лаҳзае хоб ба чашмони ӯ наёмад.

Субҳи рӯзи баъд, ки хуршед тулӯъ кард, Маҷнун аз ғор берун омад ва овозхонон ва бидуни ҳеч ҳадафу мақсаде роҳии биёбон шуд. Ӯ ҳамин тавр мерафту мерафту мерафт, то ин ки дубора ба ҷое расид, ки сайёди дигаре дом паҳн карда буд ва гавазни дармондае ҳам дар он дом гирифтор шуда буд. Маҷнун бо дидани сайёд бо тундӣ ва хашм ба ӯ гуфт: «Эй, ки монанди саги золимон ҳастӣ, ки афроди бечора ва дармондаро медараду мегирад! Ин забонбастаро озод кун. Оё ҳеч бо худ андешидаӣ, ки ҷуфти ӯ, ки имшаб ӯро намеёбаду намебинад, дар ҳаққи ту чиҳо мегӯяд? Мегӯяд кош он кас, ки туро аз ман ҷудо кард, худаш ҳам ба ҳамин дард мубтало шавад ва эй кош, рӯзи хуш дар зиндагиаш набинад. Эй сайёд! Агар аз оҳи дардмандон метарсӣ, даст аз сари ин ҳайвон бардор».

Шикорчӣ пас аз шунидни суханони тунди Маҷнун ба ӯ гуфт: «Бошад, ман аз хуни ин забонбаста мегузарам, аммо ин корро ба ройгон нахоҳам кард. Ин гавазн барои сер кардани шиками ман аст ва ту, агар метавонӣ онро аз ман бихар».

Маҷнун низ тамоми созу барги сафар ва силоҳеро, ки бо худ дошт, ҷилави (пеши) сайёд гузошт ва ӯ низ, ки медид арзиши он асбобу лавозим аз шикоре, ки карда буд, бештар аст, онҳоро бардошт ва гавазнро ба Маҷнун бахшид.

Маҷнун сӯи он шикори дилбанд,
Омад чу падар ба сӯи фарзанд.
Молид бар ӯ чу дӯстон даст,
Ҳар ҷо, кишикаста дид, мебаст.
Гуфт, эй зи рафиқи хештан дур,
Ту низ чу ман зи дӯст маҳҷур.
Бӯйи ту зи дӯст ёдгорам,
Чашми ту назири чашми ёрам.
Дар сояи ҷуфт бод ҷоят,
В-аз дом кушода бод поят!

Маҷнун дар ҳамон олами ошиқӣ вашефтагӣ хитоб ба гавазн гуфт: «Ман медонам, ки ту аз ёри ман дар ин сарзамин хабаре дорӣ. Агар рӯзе дар ҷое машғули чаро будӣ ва ӯро дидӣ, аз ҳоли ман ӯро хабар кун ва ба ӯ бигӯ, ки ман чӣ гуна аз ғами дурии ӯ ранҷур шудаам».

Пас аз он Маҷнун он ҳайвони забонбастаро аз дом раҳо кард ва худаш низ ба роҳ уфтод ва он рӯзро то шаб ва он шабро то субҳ, ҳамин тавр бидуни орому қарор мерафту мерафт. Зуҳри фардои он рӯз, дар ҳоле ки хуршеди сӯзон дар осмон метобид ва Маҷнун ҳам аз гармои он доғу бетоб шуда буд, чашми Маҷнун ба дарахте уфтод, ки дар сояи он обе ҳам ҷамъ шуда буд. Пас андаке об нӯшид ва дар сояи дарахт ба истироҳат пардохту ҳамон тавр, ки дароз кашида буд ва ба шохаҳо ва баргҳои дарахт нигоҳ мекард, зоғеро дид, ки бар шохае нишастааст. Маҷнун бо дидани чашмон ва парҳои сиёҳранги зоғ дубора нолаву зорияш баланд шуду хитоб ба он зоғ гуфт: «Ту барои чӣ ва аз дасти кӣ сиёҳпӯш шудаӣ? Чаро рӯзи ту ҳам монанди ман сиёҳ шудааст? Манам, ки яксара дар оташи ғами ёр месӯзам, ту чаро ин гуна ҷӯшу хурӯш мекунӣ? Агар рӯзе гузорат ба ёру маъшуқи ман уфтод ҳатман ба ӯ бигӯ, ки кори мани Маҷнун бидуни ӯ аз даст рафтааст. Ба ӯ бигӯ, ки фикре ба ҳоли ман бикунад, вагарна ман дар ҳамин зиллату хорӣ, ки мебинӣ аз байн хоҳам рафт. Ба ӯ бигӯ, ки магар ту нагуфтӣ, ки ман ба ёрии ту хоҳам омад ва дасти туро хоҳам гирифт! Ҳоло ман метарсам, ки дар ин орзу бимирам. Ба ӯ бигӯ, ки чашме, ки кӯр шуда бошад, дигар давою дармон фоидае надорад ва вақте ки гург бараро аз гала дуздид, доду фарёди чӯпон асаре намекунад. Пас, то дер нашуда ба фарёди ман бирас».

Маҷнун дар ҳоли сурудану сухан гуфтан бо калоғ (зоғ) буд, ки он паранда парвоз карду рафт. Маҷнун низ ҳамон ҷо беҷону берамақ уфтода буд ва то субҳ гирёну нолон, мисли шамъ месӯхт.

Субҳи рӯзи баъд, вақте ки хуршед тулӯъ кард, Маҷнун рӯ ба сӯи қабила ва манзилгоҳи Лайлӣ ба роҳ уфтод, то ин ки дар масири (роҳи) худ пиразанеро дид, ки пирамарди девонаеро ба думболи худ мекашид. Маҷнун бо дидани он ду ба пиразан гуфт: «Ин мард кист, ки ту ӯро ба банд кашидаӣ ва бо худ мебарӣ?»

Пиразан посух дод: «Росташро бихоҳӣ, ин мард на девона аст ва на хатокор. Ман зане беваам ва ин мард дарвеше бечиз аст ва ҳар дуи мо муҳтоҷу ниёзмандем ва ба ҳамин далел ман ӯро ба банд кашидаам ва аз ин шаҳр ба он шаҳр мебарам, то аз ин роҳ барои зиндагӣ ва имрори маош чизе ба даст биёварем ва ҳар чиро мардум ба мо медиҳанд, ба ду бахш тақсим мекунем».

Маҷнун бо шунидан ин ҳарф фикре ба зеҳнаш хутур кард ва ба пиразан гуфт:

К-ин силсилаву танобу занҷир,
Бар ман ниҳ, аз ин рафиқ баргир,
К-ошуфтаю мустаманд моем,
Ӯ нест сазои банд, моем.
Мегардонам ба рӯсиёҳӣ,
Ин ҷову ба ҳар куҷо, ки хоҳӣ.
Ҳар ч-он ба ҳам ояд аз чунин кор,
Беширкати ман турост, бардор.

Маҷнун ба пиразан чунин пешниҳод кард, ки: «Биё ва ин банду занҷирро ба ҷойи ӯ бар гардани ман биандоз ва маро бо рӯсиёҳӣ ва хиффату хорӣ дар шаҳр бичархон ва ҳар чизеро ҳам, ки аз ин роҳ ба даст овардӣ, барои худ бардор». Пиразан, ки сарфаро дар пешниҳоди Маҷнун медид, онро пазируфт ва рафиқи худро раҳо кард ва он банду занҷирро бар гардани Маҷнун андохт. Алқисса, пиразан ба ҳамроҳи Маҷнун ба роҳ уфтод ва ӯро шаҳр ба шаҳр мебурд ва Маҷнун ҳам аз ин кор розӣ ва хушнуд ӯро ҳамроҳӣ мекард. Оре, Маҷнун ба дари ҳар хаймае, ки мерасид, нохудогоҳ Лайлиро садо мезад ва мардум низ ба ӯ санг мезаданд ва ӯ бо хӯрдани санг мерақсиду овоз мехонд. То ин ки гардиши рӯзгор гузари он дуро ба хаймаву манзилгоҳи Лайлӣ андохт.

Маҷнун бо наздик шудан ба маҳалли иқомати Лайлӣ ва бо шунидани бӯе, ки бод аз хаймаи ӯ меовард, бар замин уфтод ва гуфт: «Лайлӣ! Аз он рӯз, ки ту аз ман ҷудо шудаӣ, ман бо ғами ту ҳамнишину ҳамроҳ шудаам ва ҳоло он қадар ҷурму гуноҳ бо худ дорам, ки шоистаи раҳоӣ аз банду занҷир нестам ва ҳоло, ки бо ин вазъият ба банд кашида шудаам, ба ин ҷазо ва уқубате, ки дорам таҳаммул мекунам, розиям. Ту ҳукмронӣ ва ман маҷбур ба итоат аз ту, пас он тавр, ки лозим медонӣ, маро танбиҳ кун. Агар маро он рӯз дар майдони набард дидӣ, имрӯз ба ҷурми он дар пеши ту мисли асире дар бандам».

Мапсанд маро чунин ба хорӣ,
Гар мекушиям бикуш, чӣ дорӣ?
Гар ҷуз ба ту маҳкам аст бехам,
Баркаш чу салиб чормехам!

Маҷнун пас аз гуфтани ин ҳарфҳо ногаҳон мисли тир аз ҷойи худ бархост ва девонавор занҷирҳои худро пора кард ва ба сӯи кӯҳи Наҷд давид ва ба болои он рафту дар он ҷо шурӯъ кард ба фарёд кашидан ва ба сурати худ силӣ задан. Хешовандони ӯ, ки хабари пайдо шуданашро шуниданд, худро басуръат ба Маҷнун расонданд ва он чиро набоястӣ медиданд, диданд. Падару модари Маҷнун низ бо дидани ҳолу рӯзи писарашон ба куллӣ аз ӯ қатъи умед карданд ва ӯро ба ҳоли худ гузоштанду рафтанд. Кори Маҷнун ба ҷое расида буд, ки дар харобаҳо саргардон буд ва ҳеч чиз ва ҳеч касро ба ҷуз Лайлӣ ба хотир намеовард ва агар касе бо ӯ дар бораи чизи дигаре ҳарф мезад, ё ба он шахс беэътиноӣ мекард, ё фирор мекард ва ё мехобид ва ба суханони ӯ гӯш намедод.