На ман танҳо гирифторам ба доми зулфи зебое

На ман танҳо гирифторам ба доми зулфи зебое,
Ки ҳар кас бо дилороме саре доранду савдое.

Қарини ёри зеборо чӣ парвои чаман бошад?
Ҳазорон сарви бустонӣ фидои сарвболе.

Маро нисбат ба шайдоӣ кунад моҳи парипайкар,
Ту дил бо хештан дорӣ, чӣ донӣ ҳоли шайдое?

Ҳамедонам, ки фарёдам ба гӯшаш мерасад, лекин
Малулеро чӣ ғам дорад зи ҳоли ношикебое?

Аҷаб доранд ёронам, ки дасташро ҳамебӯсам,
Надидастанд мискинон сари афтода дар пое.

Агар Фарҳодро ҳосил нашуд пайванд бо Ширин,
На охир ҷони ширинаш баромад дар таманное?

Хирад бо ишқ мекӯшад, ки вайро дар каманд орад,
Валекин барнамеояд заъифе бо таманное.

Маро вақте зи наздикон маломат сахт меомад,
Натарсам дигар аз ёрон, ки афтодам ба дарёе.

Ту хоҳӣ, чашм бар мо гиру хоҳӣ, чашм бар мо кун,
Ки моро бо касе дигар намондаст аз ту парвое.

Напиндорам, ки Саъдиро биёзорию бигзорӣ,
Ки баъд аз сояи лутфат надорад дар ҷаҳон ҷое.

Ман он хоки вафодорам, ки аз ман бӯи меҳр ояд,
В-агар бодам барад чун шеър ҳар ҷузве ба ақсое.