Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Издивоҷи Лайлӣ бо Ибни Салом ва бохабар шудани Маҷнун

Издивоҷи Лайлӣ бо Ибни Салом ва бохабар шудани Маҷнун

Бо пирӯзии Навфал дар ҷанг, Лайлӣ ҳам, ки аз он моҷаро иттилоъ ёфта буд, бо худ фикр мекард Маҷнун ва ёронаш дар ҷанг пирӯз шудаанд ва ба ин тартиб ӯ ҳам ба орзуяш расидааст, аммо ногаҳон падараш бо ғурур вориди хаймаи ӯ шуд ва шурӯъ кард ба суҳбат кардан дар бораи нақшае, ки кашида буд ва забоноварие, ки барои Навфал карда буд. Лайлӣ бо шунидани ин суханон аз падараш бисёр ранҷидахотир шуд, аммо чизе ба рӯйи худаш наовард ва баъд аз рафтани падар, пинҳонӣ ва дур аз чашми дигарон, ашкҳо рехт ва бетобиҳо кард. Баъд аз он иттифоқ кори Лайлӣ, ки ҳоло дигар маъшуқи худро аз даст рафта медид, яксара гиряву зорӣ буд ва бадтар аз он ин ки ҳеч касро ҳам надошт, ки ба ӯ кумак кунад ва чорае барои ӯ бияндешад. Илова бар ин, тамоми деворҳо ва роҳи пушти боми он хонаро ҳам бар рӯйи ӯ баста буданд ва дар ҳақиқат Лайлӣ дар хона зиндонӣ шуда буд.

Аз сӯи дигар, бисёре аз афроди машҳуру номовари қабоили он сарзамин хостгори Лайлӣ буданд ва миёнҷиҳои онон доим дар рафту омад буданд, то посухи мусбатро аз падари ӯ бигиранд ва дар ин миёна, Лайлӣ коре ҷуз ғаму ғусса хӯрдан надошт, аммо ҳаргиз ғами даруни худро буруз намедод (зоҳир намесохт). Ӯ мисли шамъе буд, ки чеҳрае хандон дорад, вале аз дарун дар ҳоли сӯхтан аст.

Вақте ки Ибни Салом аз ин ҷараёнот муталлеъ шуд, барои ёдоварии ваъдае, ки ба ӯ дода буданд, бо молу маноли бисёр ва ҳадоёи гаронбаҳое, мисли анбару нофа ва лаълу дебо ва сиккаҳои тило ба қасди хостгорӣ аз Лайлӣ ба роҳ уфтод. Баъд аз ду рӯз, ки ба манзилгоҳи Лайлӣ расид, қосиди ширинсухан ва чарбзабонро барои расондани пайғом ба падари Лайлӣ фаро хонд ва ба ҳамроҳи ҳадяҳои бисёр арзишманд ба назди ӯ фиристод.

Вақте ки қосид ба хидмати падари Лайлӣ расид, ба ӯ гуфт: «Ин ҷавони қудратманд ва шаҳсавори майдон, мояи обрӯи қавми араб ва пушту паноҳи лашкар аст ва пайравони зиёде дорад ва бисёр баландовозаю машҳур аст. Агар ту аз ӯ молу дороӣ бихоҳӣ, ӯ мисли рег бароят ин ҷоро пур аз сиккаҳои зар мекунад ва агар аз ӯ ҷангидан ва диловарӣ талаб кунӣ, басуръат бармехезаду омодаи корзор мешавад». Фиристодаи Ибни Салом дар бораи ӯ ва хасоисаш он қадр ҳарф зад, ки падари Лайлӣ аз ин ки чӣ посухе ба ӯ бидиҳад оҷиз шуд, пас ба издивоҷи он ду ризоят дод. Субҳи рӯзи баъд падари арӯс ба омода кардани муқаддамоти арӯсӣ пардохт ва дастур дод, то тамоми кӯчаҳоро озин бастанд ва домоду ҳамроҳонашро ҳам даъват кард, то ба меҳмонии ӯ омаданд ва ӯ низ ононро дар болои маҷлис нишонд ва ҷашни муфассал ба роҳ андохт ва сипас бо Ибни Салом ба таъйини шароити ақду ширбаҳо ва дигар шартҳо пардохтанд ва бисоти арӯсӣ ва ҷашну шодмониро ба роҳ андохтанд. Аммо Лайлӣ ҳамчунон дар гӯшае ғамгин ва озарда нишаста буд ва ҳеч чорае ҷуз гиристан надошт.

Ин гуна буд, ки Ибни Салом дар ниҳоят Лайлиро ба даст овард ва ӯро дар маҳмиле, ки барои арӯс ороста буданд, нишонд ва бо иззату эҳтироми фаровон ба ҳамроҳи худ бурд. Лайлӣ, ки қалбан ба ин издивоҷ розӣ набуд, бо Ибни Салом рафтори сард дошт. Ибни Салом ҳам чанд рӯзеро бо ӯ ба нармӣ ва мулотафат бархурд кард, то битавонад ӯро нарм кунад. Пас аз чанд рӯз Ибни Салом саъй кард, ки ба Лайлӣ наздик шавад ва ҳамин ки дасти худро ба самти Лайлӣ дароз кард, чунон силие аз ӯ хӯрд, ки аз шиддати он бар замин уфтод. Лайлӣ ба ӯ гуфт: «Агар як бори дигар чунин амале аз ту сар бизанад, ҳам ту аз байн хоҳӣ рафт ва ҳам ман. Ба Худовандии Худое, ки маро офаридааст савганд мехӯрам, ки ҳатто агар хуни маро ҳам бирезӣ, наметавонӣ ба мақсудат бирасӣ ва маро тасоҳуб (соҳибӣ) кунӣ».

Чун Ибни Салом дид савганд,
З-он бут ба салом гашт хурсанд.
Донист, к-аз ӯ фароғ дорад,
Ҷуз вай дигаре чароғ дорад.
Лекин ба тариқи сар кашидан,
Менатвонист аз ӯ буридан.

Ибни Салом вақте ки дид Лайлӣ чунин савганде мехӯрад, фаҳмид, ки дили ӯ бо дигаре аст, пас танҳо ба саломе ва посухе аз ӯ басанда мекард. Аммо аз он ҷо ки Ибни Салом воқеан ошиқу дилдодаи Лайлӣ шуда буд пайваста мувозиби (ғамхор) ӯ буд ва мудом аз аҳволи ӯ ҷуё мешуд ва бо худ меандешид, ки агар аз дур ӯро бубинам беҳтар аз ин аст, ки ӯ ба якбора аз ман рӯйгардоншавад ва ҳаргиз ӯро набинам.

Аммо Лайлӣ дар ин миёна ҳамчунон чашм ба роҳи расидани Маҷнун ва ё дастикам нишонае ва ғуборе аз сӯи ӯ буд ва гиряву зорӣ ва саргаштагияш ҳар лаҳза бештар мешуд. Гоҳ монанди афроде маст медавид ва гиря мекард ва гоҳе аз ину он хабареву асаре аз Маҷнун меҷуст. Оре, Лайлӣ он қадар дар нооромӣ ва ношикебоӣ нолиду гиря кард, ки рози ишқаш бармало (ошкор) шуд ва ҳама аз он иттилоъ ёфтанд, то ҷое падараш ва шавҳараш ба ӯ ниҳеб (дод) заданд ва ӯро шамотат (сарзаниш) карданд, аммо чӣ фоида, ки вақте ишқ дар вуҷуди касе реша кард, на аз падар метарсаду на аз шавҳар.

Рӯзе аз рӯзҳо, Маҷнун, ки ҳамчунон танҳову овора ва саргардон, дар биёбонҳову кӯҳҳо мегашт, дар сояи бутахори бузург бар хок уфтода буд, ки саворе сиёҳчарда аз канори ӯ гузашт ва чун чашмаш ба Маҷнун уфтод афсори шутурро кашиду истод. Ӯ, ки Маҷнунро мешинохт ва аз моҷарои ӯ ва ишқаш огоҳ буд, бар сари ӯ фарёд зад, ки: «Эй бехабар аз ҳама чиз ва ҳама ҷо, ки Лайлиро мисли бут мепарастӣ! Салоҳи кори ту дар ин аст, ки аз ин кор даст бардорӣ, чаро, ки ҳеч гоҳ аз ҳеч буте вафодорӣ намебинӣ. Беҳтар аст бекор бошӣ, то ин ки чунин кори беҳудаеро пеш бигирӣ ва беҳтар аст, ки ҳамеша танҳо ва беёр бошӣ, то ин ки чунин ёре дошта бошӣ!»

Он дӯст, ки дил бад-ӯ супурдӣ
Бар душманияш гумон набурдӣ,
Шуд душмани ту зи бевафоӣ
Худ бозбурид аз ошноӣ.
Доданд башавҳари ҷавонаш
Карданд арӯс дар замонаш.
Бошад ҳама рӯз гӯш дар гӯш,
Бо шавҳари хештан ҳамоғӯш.
Кораш ҳама бӯсаву канор аст
Ту дар ғами кораш, ин чӣ кор аст?

Он савор он қадар аз Лайлӣ ва издивоҷи ӯ бо Ибни Салом ва ишқи миёни он ду ва бевафоии занон гуфт, ки Маҷнун оҳи сӯзон аз таҳи дил кашид ва аз дарде, ки дар дил дошт, бар замин уфтоду ба худ печид ва ҷомаҳои худро пора кард ва бетобиҳо намуд, то ҳадде, ки он мард бо дидани ҳоли Маҷнун аз задани он ҳарфҳо пушаймону шармзада шуд.

Чанд соате аз ин моҷаро гузашт ва кам-кам Маҷнун ҳушёртар шуд. Дар ин ҳангом он мард пеш омаду ба Маҷнун гуфт: «Ман аз дурӯғҳое, ки ба ту гуфтам, шармсорам, пас ту ҳам маро бубахш. Ҳақиқат ин аст, ки Лайлӣ аз дурии ту дилшикаста ва танҳо ба гӯшае нишаста ва худро аз ҳама пинҳон кардааст ва бо вуҷуди ин ки дигаре ӯро ба ақди худ дароварда, ӯ аз аҳде, ки бо ту баста буд, нагузаштааст ва ҷуз ному ёди ту чизи дигаре бар забон намеоварад».

Ҷуз ёди ту бар забон наёрад,
Ғайри ту кас аз ҷаҳон надорад.
Як дам набувад, ки он паризод,
Сад бор туро наёварад ёд.
Шӯяш, ки варо ҳарифу ҷуфт аст,
Сар бо сари ӯ шабе нахуфтаст.

Бо шунидани ин суханон андаке аз ғамҳо ва ғуссаҳои Маҷнун коста шуд, аммо ҳамчунон аз шунидани хабари издивоҷи Лайлӣ бетоб ва нороҳат буд ва мудом мегирист. Оре, Маҷнун, ки ҳазор ғам аз дурии Лайлӣ дошт, ҳоло бо донистани моҷарои издивоҷи ӯ ҳазору як ғами дигар афзуда шуд ва ҳамин боис шуд, ки ҳамон андак ақле ҳам, ки дар сараш монда буд, аз даст бидиҳад. Пас ногаҳон бархост ва бо вуҷуди ин ки ҳеч тавоне надошт ва аз заъфу беҷонӣ мисли мӯйи борик шуда буд, ба сӯи манзилгоҳи Лайлӣ ба роҳ уфтод. Маҷнун дар тӯли роҳ яксара дар бораи бевафоии Лайлӣ ва ёдкарди аҳду паймонҳое, ки бо якдигар баста буданд, шеър мехонд ва бо худу бо хаёли Лайлӣ ҳарф мезад ва аз ӯ гилаву шикоят мекард.