GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 406. Гуфто: - Бурун шудӣ ба тамошои моҳи нав

Гуфто: - Бурун шудӣ ба тамошои моҳи нав,
Аз моҳи абрувони манат шарм бод, рав!

Умрест, то дилат зи асирони зулфи мост,
Ғофил зи ҳифзи ҷониби ёрони худ машав!

Мафрӯш атри ақл ба ҳиндуи зулфи мо,
К-он ҷо ҳазор нофаи мушкин ба ними ҷав!

Тухми вафову меҳр дар ин кӯҳна киштзор,
Он гаҳ аён шавад, ки расад мавсими дарав.

Соқӣ, биёр бода, ки рамзе бигӯямат,
Аз сирри ахтарони куҳансайру моҳи нав.

Шакли ҳилол ҳар сари маҳ медиҳад нишон
Аз афсари Сиёмаку тарки кулоҳи Зав.

Ҳофиз ҷаноби пири муғон маъмани вафост,
Дарси ҳадиси ишқ бар ӯ хону з-у шунав.

Ҳофизи Шерозӣ 407. Мазраи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав
Ҳофизи Шерозӣ 408. Эй офтоб оинадори ҷамоли ту
Ҳофизи Шерозӣ 409. Эй хунбаҳои нофаи Чин хоки роҳи ту
Ҳофизи Шерозӣ 410. Эй қабои подшоҳӣ рост бар болои ту
Ҳофизи Шерозӣ 411. Тоби бунафша медиҳад турраи мушксойи ту
Ҳофизи Шерозӣ 412. Маро чашмест хунафшон зи дасти он камонабру
Ҳофизи Шерозӣ 413. Хатти узори ёр, ки бигрифт моҳ аз ӯ
Ҳофизи Шерозӣ 414. Гулбуни айш медамад, соқии гулъузор ку?
Ҳофизи Шерозӣ 415. Эй пайки ростон, хабари ёри мо бигӯ!
Ҳофизи Шерозӣ 416. Хунук насими муанбар шамомаи дилхоҳ
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Ҳофизи Шерозӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР