Эй ки шамшери ҷафо бар сари мо охтаӣ

Эй ки шамшери ҷафо бар сари мо охтаӣ,
Душман аз дӯст надониставу нашнохтаӣ.

Ман зи фикри ту ба худ низ намепардозам,
Нозанино, ту дил аз ман ба кӣ пардохтаӣ?

Чанд шабҳо ба ғами рӯи ту рӯз овардам,
Ки ту як рӯз напурсидаву нанвохтаӣ.

Гуфта будам, ки дил аз дасти ту берун орам,
Боз дидам, ки қавӣ панҷа дарандохтаӣ.

То шикоре зи каманди сари зулфат наҷаҳад,
З-абрувону мижаҳо тиру камон сохтаӣ.

Лоҷарам, сайди диле дар ҳама Шероз намонд,
Ки на бо тиру камон аз паи он тохтаӣ.

Моҳу хуршеду парӣ в-одамӣ андар назарат
Ҳама ҳечанд, ки сар бар ҳама афрохтаӣ.

Бо ҳама ҷилваи товусу хиромидани кабк
Айбат он аст, ки бемеҳтар аз фохтаӣ.

Ҳар кӣ мебинадам аз ҷаври ғамат, мегӯяд:
Саъдиё, бар ту чӣ ранҷ аст, ки бигдохтаӣ?

Бими мот аст дар ин бозии беҳуда маро,
Чӣ кунам? Даст ту бурдӣ, ки дағал бохтаӣ.