Ҳинност, он ки нохуни дилбанд риштаӣ

Ҳинност, он ки нохуни дилбанд риштаӣ,
Ё хуни бедилест, ки дар банд куштаӣ?

Ман одамӣ ба лутфи ту дигар надидаам,
Ин сурату сифат ки ту дорӣ, фариштаӣ.

В-ин турфатар, ки то дили ман дардманди туст,
Ҳозир набуда як даму ғоиб нагаштаӣ.

Дар ҳеч ҳалқа нест, ки ёдат намеравад,
Дар ҳеч буқъа¹ нест, ки тухме накиштаӣ.

Мо дафтар аз ҳикояти ишқат набиштаем,
Ту сангдил, ҳикояти мо дарнаваштаӣ².

Зебу фиреби одамиёнро ниҳоят аст,
Ҳурӣ магар, на аз гили одам сириштаӣ.

Аз анбару бунафшаи тар бар сар омадаст,
Он мӯи мушкбӯй, ки дар пой ҳиштаӣ.

Ман дар баёни васфи ту ҳайрон бимондаам,
Ҳаддест ҳуснрову ту аз ҳад гузаштаӣ.

Сар мениҳанд пеши хатат орифони Форс,
Байте магар зи гуфтаи Саъдӣ набиштаӣ?!


¹ Қитъае аз замин.
² Навардидаӣ, печидаӣ.