Ҳофизи Шерозӣ

410. Эй қабои подшоҳӣ рост бар болои ту

Эй қабои подшоҳӣ рост бар болои ту,
Зинати тоҷу нигин аз гавҳари волои ту.

Офтоби фатҳро ҳар дам тулӯе медиҳад
Аз кулоҳи хусравӣ рухсори маҳсимои ту.

Ҷилвагоҳи тоири иқбол бошад ҳар куҷо,
Соя андозад ҳумои чатри гардунсойи ту.

Аз русуми шаръу ҳикмат бо ҳазорон ихтилоф,
Нуктае ҳаргиз нашуд фавт аз дили донои ту.

Оби ҳайвонаш зи минқори балоғат мечакад
Тӯтии хушлаҳҷа, яъне килки шаккархойи ту.

Гарчи хуршеди фалак чашму чароғи олам аст,
Равшаноибахши чашми ӯст хоки пойи ту.

Он чӣ Искандар талаб карду надодаш рӯзгор,
Ҷуръае буд аз зулоли ҷоми ҷонафзойи ту.

Арзи ҳоҷат дар ҳарими ҳазратат мӯҳтоҷ нест,
Рози кас махфӣ намонад бо фурӯғи ройи ту.

Хусраво, пиронасар Ҳофиз ҷавонӣ мекунад
Бар умеди афви ҷонбахши гунаҳфарсойи ту.