Эй ҳусни хат аз дафтари ахлоқи ту бобе

Эй ҳусни хат аз дафтари ахлоқи ту бобе,
Ширинӣ аз авсофи ту ҳарфе зи китобе.

Аз бӯи ту дар тоб шавад оҳуи мушкин,
Гар боз кунанд аз шикани зулфи ту тобе.

Бар дидаи соҳибназарон хоб бибастӣ,
Тарсӣ, ки бибинанд хаёли ту ба хобе.

Аз хандаи ширини намакдони даҳонат
Хун меравад аз дил чу намакхурда кабобе.

То узри Зулайхо биниҳад мункири ушшоқ,
Юсуфсифат аз чеҳра барандоз ниқобе.

Бе рӯи туам ҷаннати фирдавс набояд,
К-ин ташнагӣ аз ман набарад ҳеч шаробе.

Машғули туро гар бигузоранд ба дӯзах,
Бо ёди ту дардаш накунад ҳеч азобе.

Боре ба тариқи карамам бандаи худ хон,
То бишнавӣ аз ҳар буни мӯем ҷавобе.

Дар ман манигар, то дигарон чашм надоранд,
К-аз дасти гадоён натавон кард савобе.

Оби суханам меравад аз табъи чу оташ,
Чун оташи рӯят, ки аз ӯ мечакад обе.

Ёрон хама бо ёру мани хаста талабгор,
Ҳар кас ба сари обею Саъдӣ ба саробе.