Ту хуни халқ бирезию рӯй бартобӣ

Ту хуни халқ бирезию рӯй бартобӣ,
Надонамат, чӣ мукофоти ин гунаҳ ёбӣ?!

Тасудду анния фӣ-л-ҷаври ва-н-наво, локин
Алайка қалбия ё ғоята-л-муно собӣ.

Чу андалеб чӣ фарёдҳо, ки медорам,
Ту аз ғурури ҷавонӣ ҳамеша дар хобӣ.

Илал-удоти васалтум ва тасҳабунаҳум,
Ва фӣ видодикуму қад ҳаҷарту аҳбобӣ.

На ҳар кӣ соҳиби ҳусн аст, ҷавр пеша кунад,
Туро чӣ шуд, ки худ андар камини асҳобӣ?

Аҳиббатӣ амарунӣ би тарки зикроҳу,
Лақад атаъту валокинна ҳуббиҳи обӣ.

Ғамат чӣ гуна бипӯшам, ки дида бар рӯят
Ҳаме гувоҳӣ бари ман диҳад ба каззобӣ?!

Маро ту бар сари оташ нишондаӣ, аҷаб он-к
Манам дар оташу аз ҳоли ман ту дар тобӣ.

Ман аз ту сер нагардам, ки соҳибистисқо
На мумкин аст, ки ҳаргиз расад ба серобӣ.