Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Даргузаштани падари Маҷнун

Даргузаштани падари Маҷнун

Падари Маҷнунро ҳолу рӯзаш шабеҳи ҳазрати Яъқуб(а) буд, ки писараш, Юсуфро (а) гум карда буд ва орому қарор надошт. Ӯ бо ин ки писарро он гуна шефта ва аз худ бехуд медид ва ба оромиш ёфтани ӯ умеде надошт, даст аз саъйу талош намекашид ва ҳамчунон барои беҳбуди ӯ ҳар коре мекард, аммо бахт бо ӯ ёр набуд ва саранҷом ба куллӣ аз ӯ қатъи умед кард. Пас ба ночор аз ҳама канора гирифт ва шурӯъ кард ба ибодату ниёиш; чаро, ки ӯ низ пир шуда буд ва ба иллати заъфу нотавонӣ дигар умеде ба зиндагӣ надошт ва ҳар рӯз аҷали худро наздиктар медид. Ӯ, ки ба ин тартиб рӯзгори худро мегузаронд ногаҳон тасмим гирифт, ки ҳар тавр шуда Маҷнунро пайдо кунад, пас ду ҷавонро истихдом кард (ба хидмат гирифт) ва асои худро бардошт ва роҳии кӯҳҳову биёбонҳо шуд, то балки нишонае аз писараш биёбад, аммо ҳарчи гашт ҳеч асаре аз фарзанд наёфт, то ин ки шахсе ба ӯ гуфт: «Писарат дар фулон ҷо ва дар гӯдоли (чоҳе) амиқу торик ва гарм мисли гӯр афтодааст».

Раҳ пеш гирифт пири мазлум,
Якрӯза давид то бад-он бум.
Дидаш, на чунонки дида мехост,
К-он дид, дилаш зи ҷой бархост.
Бешахс раванда дид ҷоне,
Дар пӯст кашида устухоне.

Падари Маҷнун рӯ ба сӯи он нишонӣ кард ва ба роҳ уфтоду пас аз як рӯз роҳ рафтан ба он ҷо расид ва чизеро дид, ки наздик буд дилаш аз ҷо канда шавад. Фарзандашро дид, ки аз шиддати лоғарӣ ва заъф пӯсту устухон шуда буд ва ақл аз сараш ба куллӣ парида буд ва мисли мор ба худаш мепечид. Падар оҳиста бар сари фарзанд рафт ва даст ба сару гӯшаш кашид ва шурӯъ кард ба гиря кардан.

Дар он ҳангом Маҷнун чашмҳояшро боз кард ва падарро дид, аммо ӯро нашинохт ва аз ӯ канора гирифт. Оре, касе, ки худашро ҳам фаромӯш кунад, чӣ гуна метавонад дигаронро бишиносад? Пас рӯ ба падар кард ва гуфт: «Ту кистӣ ва аз куҷо омадаию аз ман чӣ мехоҳӣ?»

Падар посух дод: «Ман падарат ҳастам, ки бо ин дили сӯхта ба думболи ту мегардам».

Маҷнун ҳамин, ки падарро шинохт ба пойи ӯ уфтоду гирист. Падару писар ба сар ва рӯйи ҳам бӯса мезаданд ва аз бетобию беқарорӣ менолиданду зорӣ мекарданд. Вақте ки падар андаке оромтар шуд, нигоҳе ба сар то пойи Маҷнун андохт ва дид, ки на либосе ба тан дорад ва на дасторе бар сар. Пас либосеро, ки ҳамроҳи худ оварда буд бар тани ӯ кард ва кафше ва аммомае ба ӯ пӯшонд ва дар ҳамон ҳол ӯро панд медоду насиҳат мекард, ки: «Писарам, ин дунё ҷойи хобидану ғафлат варзидан нест, чаро, ки рӯзгор басуръат мегузарад ва фурсат аз даст меравад. Одамизод беҳтар аст, ки саги кӯю барзани худаш бошад, то ин ки дар ғурбат дучори зиллату хорӣ шавад, пас биё ва даст аз ин саргардонӣ ва биёбонгардӣ бардору сабр пеша кун ва ҳатто худро фиреб бидеҳу хуш бош. Ҳоло, ки умри ту ба дунё боқӣ аст, бояд ба думболи тартиб додани кору бори худ бошӣ, чаро, ки фардо, рӯзе ки аҷал ба суроғат биёяд, ҳеч узре аз ту пазируфта нест. Аз ин девонагию шефтагӣ даст бардор ва агар одам ҳастӣ, мисли бақияи одамҳо зиндагӣ кун. Писарам, биё ва ин чанд рӯзи боқимонда аз умри ман, маро ҳамроҳӣ кун ва мояи оромишу таскини дилам бош».

Эй ҷони падар, биёву биштоб, То ҷони падар нарафта дарёб. З-он пеш, ки ман дароям аз пой, Дар хонаи хеш гарм кун ҷой, То чун аҷалам расад, бимирам, Донам, ки касест ҷойгирам. Маҷнун бо шунидани ҳарфҳои падар бо худ фикр кард, ки муддате сабр кунад ва ором бошад ва ӯро бо ин оромиши дурӯғин бифиребад, то дилаш хуш бошад, аммо ҳамин тавр, ки ба пинҳон кардани алоқа ва шефтагиаш меандешид, ишқ ниҳебе ба ӯ зад ва ӯро аз ин кор мунсариф кард. Пас рӯ ба падар карду гуфт: «Эй падар! Ту барои ман мисли нафасӣ, ки бо ту зиндаам ва пандҳои ту гиреҳгушои мушкилоти ман аст. Вазифаи ман ин аст, ки ба авомири (фармудаҳо) ту гӯш диҳам ва онҳоро иҷро кунам, аммо ҳарчи талош мекунам, наметавонам. Вақте ки ишқ дар сари ман меояд, дигар дунё барои ман ба андозаи донае арзиш надорад ва дигар ҳеч чиз ва ҳеч касро намешиносам ва ҳатто агар аз ман бипурсӣ дирӯз чӣ хӯрдаӣ, наметавонам посухе бидиҳам. Ман медонам, ки ту падарам ҳастӣ, вале ҳатто номи туро ҳам фаромӯш кардаам ва ба хотир намеоварам. На танҳо ту, ки падари манӣ аз ёди ман рафтаӣ, балки ман ҳатто худамро ҳам фаромӯш кардаам ва намедонам, ки кистам. Ман дар ваҳшату танҳоии худ гум шудаам ва касе, ки ваҳшӣ шуда бошад, наметавонад дар миёни мардум зиндагӣ кунад. Пас ту ҳам фикр кун, ки аслан фарзанде надоштаӣ, ё ин ки гӯре бикан ва бар сари он бирав ва фикр кун, ки ошиқе дар он гӯр дафн шудааст».

Падари Маҷнун, вақте ки дид писараш ин тавр гирифтори ишқ шуда аз ӯ қатъи умед кард ва ба ӯ гуфт: «Бо шунидани суханонат, ман ҳам аз ту худоҳофизӣ мекунам ва ҳам аз худам ва аз зиндагиям. Пас, биё то барои охирин бор туро дар оғӯш бигираму биравам».

Падар инро гуфт ва Маҷнунро дар оғӯш кашид ва бо ӯ худоҳофизӣ кард ва ба сӯи манзилгоҳи худ ба роҳ уфтод. Оре, пас аз он падар чанд рӯзеро бо ғуссаву андӯҳи фаровон сипарӣ кард, то ин ки аҷалаш фаро расид ва аз дунё рафт.

Баъд аз он воқеа, субҳи зуди яке аз рӯзҳо, сайёде дар роҳи рафтан ба думболи шикор, ба Маҷнун бархӯрд, ки бар болои кӯҳи Наҷд нишаста буд. Пас рӯ ба ӯ кард ва пурсид: «Эй, ки аз ёрону хонаводаат дур афтодаӣ ва ҷудо мондаӣ ва аслан ба ин фикр нестӣ, ки ба ҷуз Лайлӣ каси дигаре ҳам дар ин дунё дорӣ! Ту бисёр одами бешарму ҳаёе ҳастӣ, ки на аз модарат суроғе мегирӣ ва на аз падарат! Агар касе фарзанде монанди ту дошта бошад, ҳамон беҳтар аст он фарзанди нохалаф бимирад ва дар ин дунё набошад. Гирам, ки чанд рӯзеро ба иллати (сабаби) хомӣ ва бетаҷрибагӣ ва ҷавонӣ аз падарат дурӣ кардӣ, чаро ҳоло, ки дигар падарат фавт карда, номе аз ӯ намебарӣ ва бар сари гӯраш намеравӣ ва аз рӯҳи ӯ талаби бахшоиш намекунӣ?!»

Маҷнун зи навои он кажоҳанг,
Нолиду хамид рост чун чанг.
Худро зи дареғ бар замин зад,
Бисёр тапонча бар ҷабин зад.
З-орому қарор гашт холӣ
То гӯри падар давид ҳолӣ,
Бар турбати ӯ фитод беҳуш,
Бигрифташ чун ҷигар дар оғӯш.

Маҷнун бо шунидани ин суханон аз худ бехуд шуд, он гуна, ки пушташ мисли сози чанг хамида гашт. Ӯ нолону гирён худро бар замин мезад ва бо даст бар пешонӣ мекӯбиду афсӯс мехӯрд. Алқисса, Маҷнун ба роҳ уфтод ва то маҳалли дафни падар давиду худро бар рӯйи гӯри ӯ андохт ва дар ҳоле ки башиддат гиря мекард, гуфт: «Эй падар, ки ҳамеша санги сабур ва ғамхори ман будӣ! Куҷоӣ, ки ҳоло ғами худро бо ту бигӯям? Ту чун салоҳи кори худро дар он дидӣ, ки писаре надошта бошӣ, аз ин дунё рафтӣ. Ман то ин замон маънии бидуни падар будан ва ятим буданро намедонистам, аммо ҳоло талхии онро дарк мекунам. Ту ҳамеша ёру ёвари ман будӣ ва роҳро ба ман нишон медодӣ ва ман ҳеч фарёдрасе ба ҷуз ту надоштам, аммо афсӯс, ки дигар туро аз даст додаам ва танҳо мондаам. Эй падар! Ба ман саркӯфт мазан, ки аз ту дурӣ ҷустам, ман худам аз ин амали худ хиҷолатзадаам ва ҳар гоҳ, ки насиҳатҳо ва пандҳои ту ба ёдам меояд, оҳ аз ниҳодам баланд мешавад».

Ман карда дуруштиву ту нармӣ,
Аз ман ҳама сардӣ, аз ту гармӣ.
Лафзе ба муроди ту нагуфтам,
Як шаб ба канори ту нахуфтам.
Ту бистари ман зи гард руфта,
Ман рафтаву тарки хоб гуфта.
Ту базми нишоти ман ниҳода,
Ман бар сари санге уфтода.
Ҷондӯстии туро ба ҳар дам,
Ёд ораму ҷон барорам аз ғам.
Оҳ, эй падар, оҳ аз он чӣ кардам,
Ёд ораму ҷон барорам аз ғам.
Озардамат, эй падар, на бар ҷой,
Вой, ар биҳилам, намекунӣ, вой!
Гар дар ҳаққи тушудам гунаҳкор,
Гаштам ба гуноҳи худ гирифтор.

Оре, Маҷнун то дами субҳ бар сари мазори падар гиристу шеър хонд ва аз рӯҳи ӯ талаби бахшоиш кард. Бо фаро расидани субҳ Маҷнун аз он ҷо бархост ва бо ғаму андӯҳи фаровон дубора бар болои кӯҳи Наҷд рафт. Аҳволи ӯ пас аз он воқеа дигаргун шуд ва бо ин ки мисли ҳамеша гиря мекард, аммо ҳоло гиряаш барои сӯгворӣ ва ғами аз даст додани падар буд.