Салил масониъа ракбан таҳиму фӣ-л-фалавотӣ

Салил масониъа ракбан таҳиму фӣ-л-фалавотӣ,
Ту қадри об чӣ донӣ, ки дар канори Фуротӣ?!

Шабам ба рӯи ту рӯз асту дидаҳо ба ту равшан,
Ва ин ҳаҷарту савоан ашийяти ва ғадотӣ.

Агарчи дер бимондам, умед барнагирифтам,
Маза-з-замону ва қалбӣ яқулу иннака отӣ.

Ман одамӣ ба ҷамолат на дидаму на шунидам,
Агар гулӣ, ба ҳақиқат аҷини оби ҳаётӣ.

Шабони тира умедам ба субҳи рӯи ту бошад,
Ва қад туфатташу айнулҳаёти фӣ-з-зулумотӣ.

Факам тумарриру айшӣ ва анта ҳомилу шаҳдин,
Ҷавоби талх бадеъ аст аз он даҳони наботӣ.

На панҷрӯзаи умр аст ишқи рӯи ту моро,
Ваҷадту роиҳатал вудди ин шамамта руфотӣ.

Васафту кулла малеҳин камо юҳиббу ва ярзо,
Маҳомиди ту чӣ гӯям, ки моварои сифотӣ.

Ахофу минка ва арҷу ва астағису ва адну,
Ки ҳам каманди балоию ҳам калиди наҷотӣ.

Зи чашми дӯст фитодам ба комаи дили душман,
Аҳиббатӣ ҳаҷарунӣ, камо ташоу удотӣ.

Фироқномаи Саъдӣ аҷаб, ки дар ту нагирад,
Ва ин шакавту ила-т-тайри наҳну фӣ-л-вуканотӣ.