GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 418. Гар теғ борад дар кӯйи он моҳ

Гар теғ борад дар кӯйи он моҳ,
Гардан ниҳодем, алҳукму лиллоҳ.

Оини тақво мо низ донем,
Лекин чӣ чора бо бахти гумроҳ?

Мо шайху воиз камтар шиносем,
Ё ҷоми бода, ё қисса кӯтоҳ!

Ман ринду ошиқ, дар мавсими гул,
Он гоҳ тавба? Астағфируллоҳ!

Меҳри ту аксе бар мо наяфганд,
Оинарӯё, оҳ аз дилат, оҳ!

Ас-сабру муррун ва-л-умру фонин,
Ё лайта шеърӣ ҳаттома алқоҳ.

Ҳофиз, чӣ нолӣ, гар васл хоҳӣ?
Хун боядат хӯрд дар гоҳу бегоҳ.

Ҳофизи Шерозӣ 419. Висоли ӯ зи умри ҷовидон беҳ
Ҳофизи Шерозӣ 420. Ногаҳон парда барандохтаӣ, яъне чӣ?
Ҳофизи Шерозӣ 421. Дари сарои муғон рӯфта буду обзада
Ҳофизи Шерозӣ 422. Эй, ки бо силсилаи зулфи дароз омадаӣ
Ҳофизи Шерозӣ 423. Дӯш рафтам ба дари майкада хоболуда
Ҳофизи Шерозӣ 424. Аз ман ҷудо машав, ки туам нури дидаӣ
Ҳофизи Шерозӣ 425. Доманкашон ҳамешуд дар шарби заркашида
Ҳофизи Шерозӣ 426. Аз хуни дил навиштам наздики ёр нома
Ҳофизи Шерозӣ 427. Чароғи рӯйи туро шамъ гашт парвона
Ҳофизи Шерозӣ 428. Саҳаргоҳон, ки махмури шабона
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР