Эй ки бар дӯстон ҳамегузарӣ

Эй ки бар дӯстон ҳамегузарӣ,
То ба ҳар ғамзае диле бибарӣ.

Дардманде тамом хоҳӣ кушт,
Ё ба раҳмат ба кушта менигарӣ?

Мо худ аз кӯи ишқбозонем,
На тамошокунони раҳгузаре.

Ҳечам андар назар намеояд,
То ту хуршедрӯй, дар назарӣ.

Гуфта будам, ки дил ба кас, надиҳам,
Ҳазар аз ошиқию бехабарӣ!

Ҳалқае гирди хештан бикашам,
То наёяд даруни ҳалқа парӣ.

Бин парипайкарони ҳалқабагӯш
Шоҳидӣ мекунанду ҷилвагарӣ.

Сабри булбул шунидаӣ ҳаргиз,
Чун бихандад шукуфаи саҳарӣ.

Пардадорӣ бар остонаи ишқ
Мекунад ақлу гиря пардадарӣ.

Чу хурӣ, донӣ, эй писар, ғами ишқ,
То ғами ҳеч дар ҷаҳон нах(в)арӣ.

Ройгон аст як нафас бо дӯст,
Гар ба дунёву охират бихарӣ.

Қалам аст ин ба дасти Саъдӣ-дар,
Ё ҳазор остини дурри дарӣ?

Ин набот аз кадом шаҳр оранд?
Ту қалам нестӣ, ки найшакарӣ!