Гар кунам дар сари вафот саре

Гар кунам дар сари вафот саре,
Саҳл бошад зиёни мухтасаре.

Эй ки қасди ҳалоки ман дорӣ,
Сабр кун, то бибинамат назаре.

На ҳаром аст дар рухи ту назар,
Ки ҳаром аст чашм бар дигаре.

Дӯст дорам, ки хоки пот шавам,
То магар бар сарам кунӣ гузаре.

Мутаҳаййир на дар ҷамоли туам,
Ақл дорам ба қадри худ қадаре.

Ҳайратам дар сифоти бечун аст,
К-ин камол офарид дар башаре.

Бибарӣ ҳушу тоқати зану мард,
Гар тараддуд кунӣ ба бому даре.

Ҳақ ба дасти рақиби ноҳамвор
Пеши хасм истода чун сипаре.

З-он ки оинае бад-ин хубӣ
Ҳайф бошад ба дасти бебасаре.

Оҳи Саъдӣ асар кунад дар кӯҳ,
Накунад дар ту, сангдил, асаре.

Сангро сахт гуфтаме ҳама умр,
То бидидам зи санг сахттаре.