На ту гуфтӣ, ки ба ҷой ораму гуфтам, ки наёрӣ

На ту гуфтӣ, ки ба ҷой ораму гуфтам, ки наёрӣ
Аҳду паймону вафодорию дилбандию ёрӣ?

Захми шамшери аҷал беҳ, ки сари неши фироқат,
Куштан авлотар аз он, к-им ба ҷароҳат бигузорӣ.

Тани осуда чӣ донад, ки дили хаста чӣ бошад?
Ман гирифтори каманди ту, чӣ донӣ, ки саворӣ?

Кас чунин рӯй надорад, ту магар ҳури биҳиштӣ?
В-аз кас ин бӯй наёяд, магар оҳуи таторӣ?

Арақат бар варақи рӯи нигорин ба чӣ монад?
Ҳамчу бар хирмани гул қатраи борони баҳорӣ.

Тӯтиён дидаму хуштар зи ҳадисат нашунидам,
Шакар аст он, на даҳону лабу дандон, ки ту дорӣ.

Эй хирадманд, ки гуфтӣ, накунам чашм ба хубон,
Ба чӣ кор оядат он дил, ки ба ҷонон насупорӣ?

Орзу мекунадам бо ту шабе будану рӯзе,
Ё шабе рӯз кунӣ чун ману рӯзе ба шаб орӣ.

Ҳам агар умр бувад, домани коме ба каф ояд,
Ки гул аз хор ҳамеояду субҳ аз шаби торӣ.

Саъдӣ он табъ надорад, ки зи хӯи ту биранҷад,
Хуш бувад, ҳар чӣ ту гӯию шакар, ҳар чӣ ту борӣ.