Кас аз ин намак надорад, ки ту, эй ғулом, дорӣ

Кас аз ин намак надорад, ки ту, эй ғулом, дорӣ,
Дили реши ошиқонро намаке тамом дорӣ.

На ман уфтода танҳо ба каманди орзуят,
Ҳама кас сари ту дорад, ту сари кадом дорӣ?

Малако, маҳо, нигоро, санамо, буто, баҳоро,
Мутаҳаййирам, надонам, ки ту худ чӣ ном дорӣ.

Назаре ба лашкаре кун, ки ҳазор хун бирезӣ,
Ба хилофи теғи ҳиндӣ, ки ту дар ниём дорӣ.

Сифати рухом¹ дорад тани нарми нозанинат,
Дили сахт низ бо ӯ, на кам аз рухом дорӣ.

Ҳама дидаҳо ба сӯят, нигарони ҳусни рӯят,
Манам он камина мурғат, ки асири дом дорӣ.

Чӣ мухолифат бидидӣ, ки мухолитат буридӣ?
Магар он ки мо гадоему ту эҳтишом дорӣ.

Ба ҷуз ин гунаҳ надорам, ки муҳиббу меҳрбонам,
Ба чӣ ҷурми дигар аз ман сари интиқом дорӣ?

Гила аз ту, ҳошалиллаҳ, накунанду худ набошад,
Магар аз вафои аҳде, ки на бардавом дорӣ.

Назар аз ту барнагирам ҳама умр, то бимирам,
Ки ту дар дилам нишастию сари мақом² дорӣ.

Сухани латифи Саъдӣ на сухан, ки қанди мисрӣ
Хиҷил аст аз ин ҳаловат, ки ту дар калом дорӣ.


¹ Санги мармар.
² Қиём, бархостан.