Ту агар ба ҳусн даъво накунӣ, гувоҳ дорӣ

Ту агар ба ҳусн даъво накунӣ, гувоҳ дорӣ,
Ки ҷамоли сарви бустону камоли моҳ дорӣ.

Дари кас намекушоям, ки ба хотирам дарояд,
Ту ба андаруни ҷон ой, ки ҷойгоҳ дорӣ.

Малакӣ, маҳӣ, надонам, ба чӣ кунятат¹ бихонам?
Ба кадом ҷинс гӯям, ки ту иштибоҳ дорӣ?

Бари кас наметавонам ба шикоят аз ту рафтан,
Ки қабулу қувватат ҳасту ҷамолу ҷоҳ дорӣ.

Гули бӯстони рӯят чу шақоиқ аст, лекин
Чӣ кунам ба сурхрӯӣ, ки диле сиёҳ дорӣ?

Чӣ хатои банда дидӣ, ки хилофи аҳд кардӣ?
Магар он ки мо заъифему ту дастгоҳ дорӣ.

На камоли ҳусн бошад турушию рӯи ширин,
Ҳама бад макун, ки мардум ҳама некхоҳ дорӣ.

Ту ҷафо кунию савлат, дигарон дуои давлат,
Чӣ кунанд аз ин латофат, ки ту, подшоҳ, дорӣ.

Ба яке латифа, гуфтӣ, бибарам ҳазор дилро,
На чунон латиф бошад, ки диле нигоҳ дорӣ.

Ба Худой, агар чу Саъдӣ биравад дилат ба роҳе,
Ҳама шаб чун ӯ бихусбию назар ба роҳ дорӣ.


¹ Номе, ки дар аввали он калимаи абӯ, або, абӣ ё ум, ё ибн, ё бинт бошад.