Ин чӣ рафтор аст, к-оромидан аз ман мебарӣ?

Ин чӣ рафтор аст, к-оромидан аз ман мебарӣ?
Ҳушам аз дил мерабоӣ, ақлам аз тан мебарӣ.

Боғу лоластон чӣ бошад, остине барфишон,
Боғбонро гӯ, биё, гар гул ба доман мебарӣ.

Рӯзу шаб мебошад он соат, ки ҳамчун офтоб
Менамоӣ рӯю дигар бози¹ равзан мебарӣ.

Мӯят аз пас то камаргаҳ хӯшае бар хирман аст,
Зинҳор, он хӯша пинҳон кун, ки хирман мебарӣ.

Дил ба айёрӣ бибурдӣ ногаҳон аз дасти ман,
Дузд шаб гардад, ту фориғ рӯзи равшан мебарӣ.

Гар ту баргардидӣ аз ман бе гуноҳу бе сабаб,
То магар ман низ баргардам, ғалат зан мебарӣ.

Чун наёяд дуд аз он хирман, ки оташ мезанӣ?
Ё бибандад хун аз ин мавзеъ, ки сӯзан мебарӣ?

Ин тариқи душманӣ бошад, на роҳи дӯстӣ,
К-обрӯи дӯстон дар пеши душман мебарӣ.

Айби мискине макун, афтону хезон дар паят,
К-ӯ намеояд, ту занҷираш ба гардан мебарӣ.

Саъдиё, гуфтори ширин пеши он кому даҳон
Дур ба дарё мефиристӣ, зар ба маъдан мебарӣ.


¹ Ба ҷониби, ба сӯи.