Ту дар каманд наяфтодаию маъзурӣ

Ту дар каманд наяфтодаию маъзурӣ,
Аз он ба қуввати бозуи хеш мағрурӣ.

Гар он ки хирмани ман сӯхт, бо ту пардозад,
Муяссарат нашавад ошиқию мастурӣ.

Биҳиштрӯи ман, он луъбати парирухсор,
Ки дар биҳишт набошад ба лутфи ӯ ҳурӣ.

Ба гиря гуфтамаш, эй сарвқадди симандом,
Агарчи сарв набошад бар ӯ гули сурӣ.

Дуруштхӯию бадаҳдӣ аз ту напсанданд,
Ки хубманзарию дилфиреб манзурӣ.

Ту дар миёни халоиқ ба чашми аҳли назар
Чунон ки дар шаби торик пораи нурӣ.

Агар ба ҳусни ту бошад табиб дар офоқ,
Кас аз Худой нахоҳад шифои ранҷурӣ.

Зи кибру ноз чунон мекунӣ ба мардуми чашм,
Ки бе шароб гумон мебарам, ки махмурӣ.

Ман аз ту даст нахоҳам ба бевафоӣ дошт,
Ту ҳар гуноҳ ки хоҳӣ, бикун, ки мағфурӣ.

Зи чанд гуна сухан рафту дар миён омад
Ҳадиси ошиқию муфлисию маҷҳурӣ.

Ба ханда гуфт, ки, Саъдӣ, сухан дароз макун,
Миёнтиҳию фаровонсухан чу танбурӣ.

Чу соя ҳечкас аст одамӣ, ки ҳечаш нест,
Маро аз ин чӣ, ки чун офтоб машҳурӣ?!